Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27-28 октябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Сулаймон Султонзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Созмони ҳамкории исломӣ дар ҳамбастагӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон ташкил гардида, дар кори он роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии 48 кишварҳои аъзои Созмон иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, табодули таҷрибаҳои пешқадам ва баррасии роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмон мавриди баррасӣ карор дода шуданд.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода оид ба чораҳои андешидаи мамлакат дар самти амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Маккаи Мукаррамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкории мақомоти зиддикоррупсионӣ қадами устувор дар самти густариши робитаҳои байналмилалӣ ва муқовимат ба коррупсия арзёбӣ гашта, дар ин замина зарурати тақвияти табодули таҷриба, истифодаи технологияҳои муосир ва рушди ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти салоҳиятдорро ҷиҳати муқовимат бо ин падидаи манфӣ таъкид намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода расман барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Маккаи Мукаррамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкории мақомоти зиддикоррупсионӣ имзо гузошт.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гашта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои омӯзиши таҷрибаҳои муосир, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.
АКС: Маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон










Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






