Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид

Июль 15, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 июн то 12 июл дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезии ногаҳонӣ 104 нафар ҳалок ва беш аз 200 нафар маҷруҳ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе Идораи миллии Покистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ (NDMA) гузориш додааст.

Тибқи маълумоти Идораи миллии Покистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ, дар 24 соати охир бар асари ҳодисаҳои нохуш шаш нафар ҳалок ва 15 нафар маҷруҳ шудаанд.

Мақомот аз бориши бештари рӯзҳои наздик ҳушдор дода, сокинонро даъват намудаанд, ки бахусус дар минтақаҳои пасту осебпазир эҳтиёткор бошанд. Дар минтақаҳои аз ҳама зиёд зарардида амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад.

АКС: «Синхуа»

Июль 15, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд