Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар иёлоти Ҳимачал-Прадеш дар шимоли Ҳиндустон пас аз оғози мавсими боронҳои шадид, тақрибан 51 нафар ҳалок ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба шабакаи NDTV иттилоъ додааст.
Бар асари боришоти шадид, обхезӣ ва ярч дар як ҳафтаи охир 12 ноҳияи иёлот осеб диданд. 22 нафар бедарак шудаанд.
Идораи обуҳавошиносии Ҳиндустон аз хатари сатҳи норинҷӣ ҳушдор додааст, ин ба он маъност, ки дар ояндаи наздик дар минтақа ҳавои хатарнок дар назар аст. Мақомот аз сокинон даъват мекунанд, ки эҳтиёткор бошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






