Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт

Июль 4, 2025 09:38

ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гармтарин моҳи сол дар нимкураи шимолӣ одатан июл аст, аммо имсол гармӣ минтақаро аллакай дар моҳи июн фаро гирифт. Ҳарорати аз ҳисоби миёна хеле баландтар ба бисёр қисматҳои Аврупои Ғарбӣ, қисматҳои Амрикои Шимолӣ, Африқои Шимолӣ, Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ таъсир расонд. Дар ин хусус Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Аврупои Ғарбӣ дар зери таъсири фишори баланди гармо буда, ҳавои хушк Африқои Шимолиро фаро мегирад ва ба гармои шадид оварда мерасонад. Дар Аврупои Ғарбӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ ҳам ҳадди ақал (барои шароити шабона маъмул аст) ва ҳам ҳарорати максималӣ (одатан дар нимаи рӯз мушоҳида мешавад) дар баъзе минтақаҳо рекордҳои моҳонаи моҳи июнро шикастанд. Ин на танҳо аз рӯи миқёси худ, балки аз нигоҳи вақти сол як ҳодисаи истисноӣ аст, зеро мавҷҳои гармӣ одатан дар авҷи тобистон ба амал меоянд.

Ҳарорати сатҳи баҳри Миёназамин низ барои ин фасли сол ба таври ғайриоддӣ баланд аст, ки ҳарорати аз ҳад зиёдро дар рӯи Замин шадидтар мекунад.

Агентии обуҳавошиносии «AEMET» дар рӯзҳои истироҳат ҳарорати 46,0 °C дар ҷануби Испанияро сабт намуд. Португалия, Италия ва Юнон низ гармои шадидро аз сар мегузаронанд.

«Meteo-France» барои 1 ва 2 июл барои 16 департамент сатҳи сурхи хатарро эълон кард. 68 департаменти дигар зери реҷаи сатҳи зарди хавф қарор доранд ва ҳарорати ҳаво дар аксари қаламравҳо аз 40 дараҷа боло аст.

«MeteoSwiss» инчунин барои аксари шаҳрҳо, аз ҷумла Женева ҳушдор аз сатҳи зарди хатарро содир кардааст. Гармо ба Аврупо аз қитъаи Африқо меояд. Фишори баланд гунбази гармиро ба вуҷуд оварда, ҳаворо ба рӯи замин пахш мекунад ва ҳароратро баланд менамояд.

Тибқи иттилои хадамоти «Direction Générale de la Météorologie», ҳарорат дар Марокаш дар моҳи июн ба таври васеъ аз 45 ° C боло буд. Сатҳи пасти абрнокӣ маънои онро дорад, ки радиатсияи офтобӣ озодона ба рӯи замин мерасад ва боиси болоравии ҳарорат мегардад. Чунин вазъи ҳаво метавонад рӯзҳо ва ҳатто ҳафтаҳо боқӣ бимонад, ки боиси гармии шадид ва паҳншуда гардад.

Таъсири гармӣ ба саломатии одамон дар шаҳрҳо дар натиҷаи таъсири «ҷазираи гармии шаҳрӣ» бештар зоҳир мешавад. Ин падидаест, ки дар он муҳити шаҳрӣ нисбат ба деҳоти атроф ба таври қобили мулоҳиза гармтар аст, бахусус дар давраҳои гармо, бинобар фаровонии сатҳи сангфарш, роҳҳои асфалтпӯш, биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва манбаъҳои гармӣ ҳавои шаҳрҳо бештар гарм мешаванд. Гармии иловагӣ дар шаҳрҳо фишори гармиро шадидтар мекунад ва метавонад маргро дар давраҳои гармӣ дар муқоиса бо минтақаҳои зичии ками аҳолӣ ва деҳот афзоиш диҳад.

Тибқи маълумоти як қатор хадамоти обуҳавошиносӣ, беш аз се ду ҳиссаи шадидтарин мавҷҳои гармӣ дар Аврупо аз соли 1950, баъд аз соли 2000 ба ин сӯ рух додааст. Гузориши шашуми Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим бозгӯи он аст, ки басомад ва шиддатёбии раванди гармои шадид дар Аврупо афзоиш меёбад.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки то соли 2050, тақрибан нисфи аҳолии қитъа метавонад дар хатари баланд ё хеле баланди фишори гармии тобистон, бахусус дар ҷануби Аврупо ва бештар дар Аврупои Шарқӣ қарор гиранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 4, 2025 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид