Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид

Июль 18, 2025 10:26

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гармии рекордӣ дар Чин сабаби он шуд, ки талабот ба неруи барқ рӯзи чаҳоршанбе ба ҳадди баландтарини таърихӣ расида, аз 1,5 миллиард киловатт гузашт.

Тавре АЗЕРТАҶ хабар додааст, тибқи баъзе иттилоъ, рӯзи панҷшанбе ҳарорат дар баъзе минтақаҳои кишвар то 50 дараҷа гарм шуд.

Камонаки гармои шадиде, ки аз шаҳри сераҳолии Чунтсин дар минтақаи ҷанубу ғарбӣ то Гуанчжоу дар соҳил тӯл мекашид, рӯзҳои охир минтақаеро фаро гирифтааст, ки дар он беш аз 200 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, навиштааст Reuters.

Системаи фишори баланди субтропикӣ, ки боиси ҳавои гарм ва хушк гардидааст, сабаби он шуд, ки дар ду рӯзи охир дар ҳашт истгоҳи обуҳавосанҷӣ дар шимолу ғарб ва ҷанубу ғарби Чин ҳарорати баланд сабт гардад, гузориш додаанд воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ рӯзи панҷшанбе бо истинод ба агентиҳои миллии обуҳавошиносӣ.

Идораи миллии энергетикии Чин рӯзи чаҳоршанбе бори сеюм дар ин моҳ аз «сатҳи рекордӣ»-и истифодаи барзиёди неруи барқ дар ин кишвар хабар дод. Ин нисбат ба соли гузашта 55 миллион киловатт бештар аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 18, 2025 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид