Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 167 адад муассисаҳои томактабӣ ва 104 адад гурӯҳи инкишофи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, як муассисаи томактабӣ бунёд намоянд.
Сарвари давлат дастур доданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошта барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синни томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад.
Бояд таъкид намуд, ки бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳалаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.
Зеро зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Вазифаи кӯдакистон ба кӯдакон додани дониши замонавӣ, мукаммал сохтани маҳорату малакаҳои муайян, ҳозирҷавобӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дигар сифатҳои ақлию зеҳнӣ мебошад, ки ин ҳама барои таҳсилу тадриси минбаъдаи кӯдакон дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил хеле зарур мебошад.
Кӯдакистон бояд наслеро тарбия кунад, ки содиқу худогоҳ бошад, чунки эҳсоси гарми ватандӯстӣ аз кӯдакистон оғоз шуда, ин давраи шаклгирии мафкураи кӯдак мебошад. Раванди таълим дар кӯдакистонҳо бояд низоми миллӣ дошта бошад. Масъулинро зарур аст, ки барои мутахассисони соҳаи тарбияи томактабӣ дастуру адабиёти зарурии миллӣ таҳия кунанд. Ин замина фароҳам меорад, ки ҳар мураббию омӯзгор рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намояд.
Аз ин рӯ барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмонию зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ зарур аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Тарбия ва чӣ гуна ба воя расидани онҳо аз ҷомеа вобаста аст. Яъне аҳли ҷомеа кӯдаконро бояд дар руҳияи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






