Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд

Июль 11, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои муҳими марбут ба рушди маркетинги футбол баррасӣ шуданд.Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи кумита, ки таҳти раёсати ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов баргузор шуд, чанд самти муҳими маркетинги футбол – таҳкими робита бо мухлисон, рушди самти тиҷоратӣ, контент ва расонаҳо, инчунин мерчандайзинг баррасӣ шуд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа ба масъалаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи мухлисон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар чаҳорчӯби он тасмим гирифта шуд, ки бо раҳбарони гурӯҳи мухлисони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мулоқоти васеъ ташкил карда, ташаббусҳои муштарак барои дастгирии фаъоли дастаҳои миллии Тоҷикистон дар варзишгоҳҳо баррасӣ карда шаванд.

Аъзои кумита инчунин механизмҳои ҷалби шарикон ва сарпарастони нав, инчунин роҳҳои баланд бардоштани самаранокии кор бо шарикони мавҷударо таҳлил намуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июль 11, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад