Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад

Июль 12, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қабалн иттилоъ додем, 150 нафар фарзандони омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар се басти истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» —и назди донишгоҳ, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст,  ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» хабар доданд.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо раванди истироҳату машғулияти хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди донишгоҳ шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ иброз шуд, ки тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ аз муҳимтарин вазифаҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳукумати мамлакат дар доираи ин ҳадаф бо  ташкили  истироҳатгоҳҳои тобистона барои кӯдакон муҳити солиму созанда ва шароити мусоиди таълиму тарбияро фароҳам меорад.

Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» низ намунаи равшани татбиқи ин сиёсати хирадмандона мебошад. Ин иқдом ҳар сол аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ бо дарки масъулияти баланд ва арҷгузорӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар ин истироҳатгоҳ аз моҳи  июл то  август наврасон  дар се баст, дар ҳар баст 50 нафар, ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Июль 12, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад