Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. То оғози соли таҳсили 2025-2026 дар назди 4 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон ба истифода дода мешавад. Ин тадбир бо мақсад беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон андешида шудааст. Дар ин хусус 2 июл Раиси ноҳияи Рудакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон иттилоъ дод.
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки то охири соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 10 кӯдакистон ба истифода дода хоҳад шуд, ки ин самараи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин соҳаи муҳим мебошад.
Ҳамчунин зимни вохӯрӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, такмили ихтисоси омӯзгорон, интизоми меҳнат, риояи пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои соҳа ибрози назар карда шуд.
Дар охир як зумра омӯзгорони фаъоли ноҳия бо «Сипоснома» қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






