Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» аз 1 то 3 август дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Пас аз он ки соли 2024 ниммарафони экологии кӯҳии «Ҳафткӯл» муваффақона доир гардид, тасмим гирифта шуд, ки он боз аз нав гузаронида шавад. Ин чорабинӣ танҳо мусобиқаи варзишӣ набуда, балки иқдом барои ҳифзи табиат, саломатӣ ва таҳкими ваҳдат мебошад.
Варзишгарон ва дӯстдорони давро аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ масирҳои зебоманзари атрофи кӯлҳои афсонавии «Ҳафткӯл», ҳашари экологии тозакунии соҳили кӯлҳо, инчунин фазои воқеии варзишӣ ва руҳияи ҳамбастагии даставӣ интизор ҳастанд.
Ташкилкунандагони Ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи дав ва марафонҳои Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бақайдгирӣ ба ниммарафон дар сомонаи marathon.tj оғоз шудааст. Иштирок дар ин марафон саҳмгузорӣ ба ояндаи аз ҷиҳати экологӣ тоза, солим ва устувор мебошад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






