Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд

Июль 26, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ беш аз 45 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 5 миллион адад зиёд мебошад. Дар ин хусус 23 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 69 корхонаи ватанӣ истеҳсоли зиёда аз 610 намуд ва 355 номгӯй дору, молҳои тиббӣ ва коркарду бастубандии гиёҳҳои шифобахши ватаниро ба роҳ мондаанд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4 корхона, 20 намуд ва 14 номгӯй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд муассисаи табобатию пешгирии ҷумҳурӣ бо мақсади таъмин ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба маблағи умумии 43 миллиону 188 ҳазору 929 сомонӣ таҷҳизот ва асбоби тиббӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дастгоҳи СИПАП, дору, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонагӣ ва сайёр ва мизи ҷарроҳӣ дастрас гардид.

Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 202 номгӯй доруҳо ба миқдори 1786 адад аз муомилот гирифта шуданд. Инчунин 129 ҳазору 634 килограмм дору, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад