Хоруғ мизбони конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар самти сулҳу ваҳдат шуд

Июль 9, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 09.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар мавзуи «Пешвои муаззами тоҷикон – ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати байналмилалӣ» Конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронс роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муассисаи нашриявии «Адиб» — и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маъруза намуданд.

Дар оғози конфронс муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нишони таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат ба таҳкими ваҳдат ва пешбурди ҳамгироии миллӣ маҳсуб меёбад.

Номбурда тазаккур дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои боло бурдани сатҳи  худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мусоидат менамоянд.

Дар идома мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – сароғози мактаби давлатсозии Пешвои миллат» маъруза намуда, таъкид кард, ки Пешвои миллат дар давраи вазнини таърихӣ бо иродаи устувор тавонистанд миллатро ба сӯйи сулҳ раҳнамун созанд ва пояҳои давлати миллиро дар асоси ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор намоянд.

«Таҷрибаи сулҳофаринии Пешвои миллат имрӯз ҳамчун модели нодири сиёсӣ дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст, ки ин боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад», — изҳор намуд Муҳиддин Пайшанбезода.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар маърузаи худ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ» иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ бо истифода аз усулҳои нодири сиёсатварзӣ тавонистанд халқро муттаҳид созанд ва бо такя бар неруи безаволи халқ марҳалаи навини таърихи давлатдории тоҷиконро оғоз бахшанд.


Номбурда илова намуд, ки ваҳдати миллӣ имрӯз ба як арзиши муқаддас табдил ёфт, ки ҳамаи ин самараи раҳнамоиву фидокории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзуи «Моҳияти илмию таърихии паёми “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и Пешвои миллат» маъруза намуд.

Ӯ иброз дошт, ки ин паёми таърихӣ дар замони буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ ҳамчун чароғи роҳнамо миллатро ба сӯи сулҳ, субот ва эҳёи давлатдории миллӣ раҳнамоӣ намуд. Паёми мазкур имрӯз ҳам арзиши умумибашарӣ дошта, дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аҳаммияти бузург дорад.

Директори Муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода дар маърузаи худ дар мавзуи «Пешвои миллат – поягузори фарҳанги сулҳи устувор» таъкид кард, ки шахсияти Пешвои миллат ҳамчун раҳнамои фарҳанги сулҳ ва муколама дар ҷаҳони муосир намунаи барҷастаи раҳбарест, ки бо сухан ва тадбирҳои амалии худ фарҳанги ҳамзистӣ ва таҳаммулро дар ҷомеаҳо таҳким бахшидааст.

«Фаъолияти Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ имрӯз ба намунаи илҳомбахши фарҳанги сулҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст», — тазаккур дод директори Муассисаи нашриявии «Адиб».

Пас аз шунидани маърузаҳо дар қисмати музокираи конфронс иштирокчиён бо изҳори таассурот иброз доштанд, ки бузургии Пешвои миллат на танҳо дар таҷрибаи сулҳофаринии дохилии ӯст, балки дар саҳми арзишмандашон дар ташвиқу тарғиби сулҳу ваҳдати ҷаҳонӣ таҷассум ёфтааст.

Аз суханони пурмаънии Пешвои миллат иқтибос оварда шуд ва нақши устувори Сарвари давлат дар боло бурдани шарафи миллати тоҷик таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Пешвои муаззами тоҷикон – ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдати байналмилалӣ» дар асоси Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз тарафи Раиси Ҳаракат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, баргузор карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Июль 9, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

31 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
МегаФон Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушд додани варзиш дар ҷумҳурӣ идома медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи байналмилалӣ оид ба амнияти киберӣ ва идоракунии зеҳни сунъӣ дар Чин иштирок намуд
Дар шаҳри Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Сокинони Лахш дар 5507 гектар картошка кишт намудаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Тоҷикобод дорандаи корти бонкӣ мебошанд
30 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал шуданд
29 ИЮЛ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАЛАНГ. Солҳои охир дар сайёра теъдоди ин ҷонвар кам мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст