Дар шаҳри Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд

Июль 30, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо мусоидати Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандони тиб пардохт карда шуд. Дар ин хусус Раиси Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Ризозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҳоло Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 9 кумитаи соҳавиро муттаҳид намуда, зиёда аз 4 470 ташкилоти ибтидоӣ ва 227 ҳазору 605 нафар аъзоро фаро гирифтааст.

«Яке аз дастовардҳои муҳими шуро дар нимаи якуми соли равон ҳалли масъалаи пардохти ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи тиб мебошад. 11 апрели соли 2025 ба унвони Шурои иттифоқҳои касабаи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби 60 корманди Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров муроҷиати дастҷамъона  ворид гардид. Мавзуи муроҷиат марбут ба таъмини пардохти ҳаққи кор дар рӯзҳои истироҳат ва идҳо буд, ки маблағи он пардохт нашуда буд. Пас аз баррасии муроҷиат бо мусоидати шуро ва таҳқиқоти нозири ҳуқуқ масъалаи мазкур ҳал шуда, аз ҳисоби Раёсати молияи минтақаи Кӯлоб 120 ҳазор сомонӣ маоши кормандон барқарор ва пардохт карда шуд»,-гуфт раиси шуро.

Дар нишаст баён карда шуд, ки барои пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи меҳнат нозири ҳуқуқи шуро дар маҷмуъ 20 амрнома ба ташкилоти дахлдор ирсол намуд, ки 5-тои он давоми шаш моҳи аввали соли равон сабт гардид.

Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон таъкид менамояд, ки ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатии кормандон, махсусан дар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи доимии он қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 30, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад