Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 27 июл дар Шоҳигарии Камбоҷа аз рӯйи фанҳои математика ва забони англисӣ Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» баргузор гардид. Дар олимпиада хонандагони беш аз 7 давлати қитъаи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва 5 давлати дигар ба тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз Тоҷикистон дар ин олимпиада 8 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки даври интихобии олимпиадаро муваффақона гузаштанд, иштирок намуданд. Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал (2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд.
Хонандаи синфи 4-и шаҳри Душанбе Муҳаммад Исмоилов дар категорияи якум (синфҳои 3-4) аз ҳама бали баландтаринро сазовор гардида, дар рейтинги олимпиада яке аз 3 хонандаи беҳтарин эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ба марҳилаи рушди бесобиқа ноил гардид. Ҳамасола хонандагони пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Маҳз тавассути чунин ғамхорӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи маориф имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанг ва рушди зеҳнии кӯдакон табдил ёфтааст.
Иштироки хонандагони болаёқати пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз як ҷиҳат дохил шудан ба фазои олимпиадаҳои умумиҷаҳонӣ ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешсаф бошад, аз нуқтаи назари дигар ба амалигардонии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» мусоидат менамояд.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






