Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд

Июль 7, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 июл дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Камелияи тиллоӣ» баргузор шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат»-и коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ  бо ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.

Дар синамоҷашнвора намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Дар барномаи озмунии синамоҷашнвора 20 филми рақобатӣ ва дар барномаи ғайриозмунӣ 27 филми ғайрирақобатӣ аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Федератсия Русия ба намоиш гузошта шуд.

Дар барномаи озмунӣ аз Тоҷикистон ду филми ҳунарӣ- «Дар талоши ҳақиқат» ва «Зиндагӣ зебост» ва дар барномаи ғайриозмунӣ бошад, филмҳои ҳунарии -«Охирин сайди сайёд», «Танҳо ту» ва «Роҳ» пешниҳод гардид.

Зимни маросими ҷоизасупорӣ баён шуд, ки ҳадафи асосии синамоҷашнвора таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои синамои давлатҳои аъзо, инчунин истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи филмсозӣ мебошад.

«Дар  чунин фестивалу синамоҷашнвораҳо давлатҳо на танҳо фарҳангу ҳунари миллии худро муаррифӣ менамоянд, балки имконият пайдо мекунанд, ки заминаҳои ҳамкории нав дар соҳаҳои синамо, телевизион, тарбияи мутахассисони соҳа ва эҷоди филмҳои муштаракро низ ба роҳ монанд»,- иброз гардид дар ҷамъбасти синамоҷашнвора.

Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 7 июл дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Камелияи тиллоӣ» баргузор шуд.

Дар доираи синамоҷашнвора чорабиниҳо фарҳангӣ, техникӣ, намоиши технологияҳои муосири синамоӣ ва ҳамоиши филмҳои коргардонҳои ҷавон доир шуд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Июль 7, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад