Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид

Июль 16, 2025 16:32

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарорати баланди ду моҳи охир дар Испания сабаби марги 1180 нафар гардидааст. Чунин маълумотро Вазорати муҳити зисти кишвар пешниҳод намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Kazinform» хабар медиҳад.

Ба маълумоти манбаъҳои испанӣ, аксарияти фавтидагон нафарони аз 65-сола боло ва нисфи бештари онҳо занон будаанд. Минтақаҳои аз ҳама бештар зарардида Галисия, Ла-Риоха, Астурия ва Кантабрия мебошанд, ки дар қисми шимолии мамлакат воқеъ гардидаанд. Дар ин ҷойҳо ҳарорати пасти тобистона солҳои охир хеле баланд шудааст.

Ба мисли дигар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ Испания ҳафтаҳои охир ба гармои шадид дучор шуда, ҳарорати ҳаво аксаран аз 40 дараҷа (104 дараҷаи Фаренгейт) низ баландтар гардидааст.

Дар изҳороти вазорат бо истинод ба маълумоти Пажӯҳишгоҳи тандурустии Карлос III омадааст, ки аз 16 май то 13 июли соли равон 1180 нафар бо сабабҳои алоқаманд ба гармии шадид фавтидаанд. Ин ҳолат дар ҳамин давраи соли 2024 114 нафарро ташкил медод.

Тибқи маълумот, дар давраи пешбининамудаи соли равон 76 огоҳии гармӣ дода шудааст, ҳол он ки як сол пеш ягон огоҳӣ ба қайд гирифта нашуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 16, 2025 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд