Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз touch-панелҳои интерактивӣ ва нархномаҳои электронӣ то системаи таҳлили видеоӣ, ки барои хизматрасонии зуд ва босифат ба мизоҷон кӯмак мекунад. Ҳамаи ин дар идораи рақамии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар хиёбони Рӯдакӣ 57, дар шаҳри Душанбе дида мешавад. Оператор на танҳо роҳҳои ҳалли ҳама гуна мушкилоти марбут ба алоқаро пешниҳод мекунад, балки шароитро барои истироҳат ё кор бо ноутбук дар фазои хушнудиву меҳмоннавозӣ фароҳам меорад.
“МегаФон Тоҷикистон” — яке аз аввалин ширкатҳоест, ки навовариҳои рақамиро дар ҷумҳурӣ ҷорӣ менамояд. Аз ин рӯ, басо рамзист, ки дар идораи воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 57 меҳмононро робот пешвоз мегирад. Ба ӯ салом гӯед ва ба дарун дароед!
Қобили ёдоварӣ аст, ки плакатҳои коғазӣ ва рекламаи чопӣ дар ин макон моли асри гузашта ҳисобида мешавад. Дар идораи рақамӣ маълумоти муҳим дар мониторҳо нишон дода мешаванд. Бо ин роҳ шумо дар бораи хизматрасониҳо ва иқдомҳое, ки ширкат мегузаронад, маълумот мегиред. Масалан, огоҳ мешавед, ки чӣ тавр бо тарофаи “Биё! Бисоз Life» бо ҳамон нарх ду маротиба бештар интернет ба даст оред. Дар идораи рақамӣ ҳатто нархномаҳо электронӣ мебошанд!
Истодан дар навбат, ҳатто дар навбати начандон зиёд, барои муроҷиат ба мушовир лозим нест, зеро метавонед худатон мустақилона ба саволи худ чавоб пайдо кунед ё амалиёти заруриро анҷом диҳед! Бо ин мақсад дар дохили идора touch-панелҳо гузошта шудаанд. Танҳо якчанд пахши экрани интерактивӣ ва шумо метавонед бо шарҳи муфассали тарофае, ки бароятон ҷолиб аст, шинос шавед.
Пас аз сайру гашт дар Душанбе мехоҳед, ки дар курсии бароҳат нишаста, нерӯи телефонатонро пур кунед? Идора дар хиёбони Рӯдакӣ 57, ки дар маркази пойтахти кишварамон воқеъ аст, чунин имкониятро фароҳам меорад. Дар қисмати коворкинг бо тарҳи замонавӣ, инчунин, метавонед бо ноутбуки худ нишаста, машғули кор ё таҳсил шавед.
Баъзе технологияҳои рақамӣ ба меҳмонон намоён нестанд, аммо барои таъмини бароҳатии онҳо татбиқ мегарданд. Чунончи, системаи таҳлили видеоӣ барои арзёбии шумораи мизоҷон дар толор ва муносибгардонии кори мушовирон кӯмак мекунад. Дар натиҷа, вақти интизорӣ тадриҷан коҳиш меёбад.
«МегаФон Тоҷикистон дер боз танҳо бо доираи хизматрасониҳои мобилӣ маҳдуд намешавад, мо як зумра хизматрасониҳои рақамиро барои зиндагӣ ва кори бароҳат пешниҳод менамоем. Идораи мо дар хиёбони Рӯдакӣ 57 таҷассумгари равшани роҳ ба самти рақамӣ мебошад. Итминон дорем, ки он ба маркази ҷалби тамоми ашхосе, ки технологияҳои муосирро қадр мекунанд, табдил хоҳад ёфт», — мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов.
Ба идораи рақамӣ дар маркази пойтахт биёед ва аз сатҳи нави хизматрасониҳо баҳравар гардед!








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






