Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футзали Тоҷикистон мавсими 2024/25-ро ҷамъбаст карда, ғолибони ҷоизаҳои инфиродиро эълон намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҳамоиш ғолибон аз рӯйи ҳашт номинатсия бар асоси натиҷаи мусобиқаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2024/25 қадрдонӣ карда шуданд.
Беҳтарин футзалбози Тоҷикистон бозигари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Муҳаммад Шарипов дониста шуд. Беҳтарин мураббии мавсими ҷамъбастшуда Пайрав Воҳидов эътироф гардид, ки таҳти роҳбарии ӯ «Соро компания» ғолиби Суперлига ва Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2024/25 шуд.
Бозигарони тими миллии Тоҷикистон, ки дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайиланд муваффақона баромад карда, дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок доштанд, соҳиби шаҳодатномаҳои «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ оид ба футзал» гардиданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






