Нақшаи қабули довталабон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 90 фоиз иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои тақсимоти даври якуми қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат дар соли 2025 нишон доданд, ки нақшаи қабул дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 90 фоиз иҷро гардид. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 4 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз сабабе, ки имсол дар донишгоҳ 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд, нақшаи қабул нисбат ба соли 2024 зиёд иҷро гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аллакай ба ихтисосҳои нав талабот ҳаст ва довталабон ин ихтисосҳоро интихоб намудаанд»,-иброз дошт Жило Гулназарзорда.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2024 -2025 666 нафар равияи омӯзгориро хатм намуданд. Аз ин теъдод 426 нафар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 240 донишҷӯ шуъбаи рӯзонаи факултетҳои донишгоҳро аз рӯйи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ хатм кардаанд. 117 нафар, аз ҷумла 33 нафар ба тариқи квотаи президентӣ ва 84 нафар ба тариқи ройгон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор равона карда шуданд.
Ҳамчунин бори аввал барои бартараф намудани норасоии кадрӣ дар самти омӯзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагони тавассути шартнома таҳсилнамудаи равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона 44 мутахассиси ҷавон ба ҷойи кор равона гардид.
Зимни нишаст иброз шуд, ки соли равон беш аз 30 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат таҳсил менамоянд. Аз ин шумора 3 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, 6 нафар ба Ҷумҳурии Ҷопон, 13 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва 4 нафар ба донишгоҳҳои Минск барои табодули академӣ ҷалб гардиданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид






