НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон барои беҳтар гардидани сифати алоқа ва интернет 811 истгоҳи базавӣ насб карда шуд

Июль 23, 2025 13:42

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар ҷумҳурӣ 811 истгоҳи базавӣ насб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  157 адад ё 5 маротиба зиёд мебошад. То охири сол насби 1000 истгоҳи базавӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло дар нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамчунин иброз гардид, ки барои вусъат бахшидани фаъолияти бемайлони истгоҳҳои базавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи баландсуръати интернет имсол 253,7 километр хати нахи нурӣ кашида шуд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 8530,5 километр шоҳроҳҳои хати нахи нурии алоқа амал намуда, кашидани 419 километр хати нахи нурӣ ба нақша гирифта шудааст.

«Барои мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии алоқаи мобилии ҷавобгӯ ба талаботи муосир мо ба таҷдиду навсозӣ ва бунёди майдонҳои нави истгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем. Дар ин замина таъмини хизматрасонии муътадили алоқа дар маконҳое, ки истифодаи неруи барқ маҳдуд аст, ҷойҳое, ки дар ҳолатҳои садамавии неруи барқ қарор доранд, харидорӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо аккумуляторҳо ва дизел-генераторҳо, таъмини онҳо бо сӯзишворӣ, дастрас, насб ва ба роҳ мондани фаъолияти муътадили онҳо таҳти назорати мутахассисони соҳа алоқа қарор дода шудааст»,-иброз дошт сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва танзими оқилонаи нархҳо арзиши миёнаи интернет бо суръати 1 Мбит/с  17,63 сомонӣ коҳиш ёфта, нархи миёнаи 1 ГБ бастаи интернети мобилӣ ба 2,5 сомонӣ ё 0,25 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико расонида шуд.

Сатҳи хизматрасонии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот ва такмил қарор дошта, Хадамоти алоқа барои фаро гирифтани минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад