НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов дар 23 мусобиқаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 26 медал гардиданд. Аз ҷумла, 13 медали тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Амир Иброҳимзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар донишкада 133 мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд. Инҳо 53 чорабинии оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ, 4 машғулияти омӯзишӣ ва 76 мусобиқаи варзишӣ мебошанд.
Донишҷӯёни донишкада дар 13 мусобиқаи варзишии кушод ва дохилии донишкада, 12 чемпионат ва мусобиқаҳои шаҳри Душанбе, 28 чемпионат ва мусобиқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 чемпионат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






