НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои хишти пухта, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва парандапарварии ноҳияи Нуробод кай ба фаъолият шуруъ мекарда бошанд?

Июль 30, 2025 15:40

НУРОБОД, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, дар сохтори кишоварзии ноҳияи Нуробод, яъне дар заминҳои корами 932 хоҷагии деҳқонии ноҳия бояд дар 300 гектар картошка, дар 1088 гектар ғаладонагӣ, дар 103 гектар сабзавот, дар 250 гектар зироати техникӣ ва дар 130 гектар хӯроки чорво кишт карда мешуд. Вале дар асоси ҳисоботи омории шашмоҳаи ноҳияи Нуробод муайян гардид,  ки кишоварзони ноҳия ҳамагӣ дар 134 гектар картошка кишт намудаанд, ки нисбат ба нақшаи дурнамо 166 гектар кам буда, 44,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар 70,25 гектар  сабзавот кишт шудааст, ки нисбат ба нақшаи дурнамо 32,75 гектар кам мебошад. Вале баръакси кишти  картошкаю сабзавот дар сохтори кишоварзии ноҳия дар 1115,7 гектар ғалладонагӣ ва дар 231,1 гектар зироати техникӣ кишт карда шудааст.

Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  вобаста ба сабабҳои иҷро нагардидани нақшаи кишти картошкаю сабзавот дар сохтори кишоварзӣ посух надоданд ва таъкид намуданд, ки дар варақаи иттилотӣ ҳисоботи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ мавҷуд аст.

Бояд гуфт, ки заминҳои хоҷагии ёрирасон, заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ  ҳамаи шаклҳои хоҷагидориро ташкил медиҳанд. Ҳар сокини ноҳияҳои кӯҳистон заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, кӯшиш мекунад, ки бо оби боронҳои пай дар пай ҳосили картошка ё дигар сабзавоти барвақтиро ҷамъоварӣ намояд. Ҳарчанд Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба сохтори кишоварзии шаҳру ноҳияҳо дурнамои кишти зироатро вобаста менамояд, аммо дар ноҳияи Нуробод дурнамои кишти картошкаю сабзавот иҷро нагардид.

Мушкилоти дигари ноҳияи Нуробод аз фаъолият боз мондани корхонаи хишти пухта, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти «Шири Нуробод» ва корхонаи парандапарварӣ мебошад. Бо сабаби аз фаъолият мондани ин корхонаҳо садҳо нафар дар ноҳия аз ҷойи кори доимӣ маҳрум гардида, сокинони минтақаи Рашт тухму маҳсулоти ширӣ ва хишти пухтаро аз дигар шаҳру ноҳияҳо  ворид менамоянд.

Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба ин мушкилоти ноҳия иброз дошт, ки «масъалаи ҳамкорӣ бо соҳибкорон шаффоф аст. Ҳар нафаре, ки иқдоми соҳибкорӣ мегираду мехоҳад дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ ҳам ба нафъи худ ва ҳам ба нафъи ҷамъият фаъолият намояд, мо дар асоси талаботи қонунгузорӣ  дархосту пешниҳоди онҳоро меомӯзем, идеяи созандаи онҳоро таҳлил намуда, фаъолияти онҳоро дастгирӣ менамоем. Мо бо роҳбарони корхонаи парандапарварӣ-корхонае, ки қаблан фаъолият дошт, суҳбат намудем. Онҳо гуфтанд, ки мо аз фаъолияти ҳамин корхона зарари молиявӣ  дидем. Ҳамаи мо медонем, ки соҳибкор ҳамеша манфиати худро ҳисобу китоб менамояд.  Барои ҳамин гуфтанд, ки мо фаъолияти худро мавқуф гузоштем. Илова бар ин мақомот дар ин самт тадбирҳо андешида,  боз соҳибкори дигари инфиродиро даъват карда, ин корхонаи парандапарвариро ба иҷора доданд. Он нафар низ дар иҷрои ин кор муваффақ нагардид.  Дуруст аст, ки роҳбарияти корхонаи мурғпарварӣ дар шафати шоҳроҳ  маркази хизматрасонӣ, иборат аз чор ошёна бунёд намудааст ва дар ошёнаи якум тарабхона, дар ошёнаи дуюм маркази хизматрасонӣ ва дар ошёнаи сеюм меҳмонхона ташкил менамояд. Инчунин роҳбари корхонаи мурғпарварӣ барои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди корхонаи истеҳсоли сангу шағал ба мақомот  муроҷиат намуд. Хулосаи дахлдор ба кумитаи замин пешниҳод карда шуд ва дар асоси талаботи қонунгузорӣ аз ҳудуди муайяншуда ба миқдори се гектар ҷудо карда шуд. Масъалаи ба кор даровардани корхонаи «Шири Нуробод» масъалае аст, ки ҳанӯз мо имкони аз наздик суҳбат кардан бо соҳибкорро пайдо накардаем. Мо нақша дорем, ки соҳибкорро даъват карда, масъалаи ба кор андохтани ин корхонаро баррасӣ намоем», — таъкид намуд Раиси ноҳия.

Ёдовар мешавем, ки  соли 2021 корхонаи парандапарварии Сари қош ва қаблан корхонаи «Шири Нуробод» дар ноҳияи Нуробод бо  иштироки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба истифода дода шуда, чанд сол боз фаъолият наменамоянд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд