Паҳлавонони тоҷик «Ulaanbaatar Grand Slam-2025»-ро бо як медали нуқра ҷамбаст намуданд

Июль 28, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 июли соли 2025 дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор мусобиқаи байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо «Ulaаnbaatar Grand Slam 2025» баргузор гардид, ки дар он Ҷумҳури Тоҷикистонро 12 паҳлавон муаррифӣ намуд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Барои иштирок дар мусобиқа 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 давлати ҷаҳон номнавис гардида буд.

Паҳлавони тоҷик Масъуди Аҳмадзод дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни то 73 кг ба финали мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam 2025» роҳ ёфт ва барандаи нишони нуқра гардид.

Дигар варзишгарони ҳайати Тоҷикистон дар даврҳои гуногун ноком шуданд.

Бояд гуфт, ки дар ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо медали нуқраи Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кг, ҷойҳои панҷуми Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Умедҷон Раҷабов то 90 кг ва ҷойҳои ҳафтуми Александра Кан дар вазни то 57 кг, Мансур Раҳмон дар вазни +100 кг байни 28 давлат мақоми 10-умро ишғол намуд. Дастаи мунтахаби Ҷопон бо 6 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 нишони биринҷӣ якум шуд. Муғулистон бо 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 7 нишони биринҷӣ мақоми дуюмро ишғол кард. Тими ҷудокорони бетараф бо 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 7 нишони биринҷӣ мақоми сеюмро сазовор гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо

Июль 28, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд