Раиси Маҷлиси намояндагон дар иҷлосияи сатҳи баланд дар Женева иштирок намуд

Июль 31, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 31.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар иҷлосияи сатҳи баланд дар мавзуи «Риояи Оинномаи СММ ва ҳуқуқи байналмилалӣ бо мақсади таъмини сулҳ ва амнияти байналмилалӣ» дар Женева сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид барои дар амал татбиқ намудани мақсад ва принсипҳои он дар самти қонунгузорӣ пайваста чораҳои муассирро амалӣ менамояд. Дар ин робита Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, бо эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои хориҷии худро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ пеш мебарад.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид силсилаи қатъномаҳоро оид ба масъалаҳои муҳими обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Ҳамчунин ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба мубориза бо хавфу хатарҳои замони муосир, бахусус терроризму ифротгароӣ дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфта, дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои махсуси он амалӣ мегарданд.

Тазаккур дода шуд, ки барои таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон даъват намуданд, ки Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» қабул карда шавад.

Файзалӣ Идизода дар идомаи суханронӣ бо мақсади риояи меъёрҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ якчанд таклиф пешниҳод намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 31, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд