Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар шаҳри Токио мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон Матсумото Ҳисаши баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, хоҷагии об, маориф ва тандурустӣ табодули афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкорӣ дар омодасозии чорабиниҳои муҳим дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зоҳир гардид.
Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкории ҳасана ва судманди ҷонибҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва сохторҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд






