Силсилаи HUAWEI Pura 80: Имконоти нав дар аксбардории мобилӣ

Июль 23, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 23.07.2025 /АМИТ «Ховар»/.  10 июл ширкати Huawei силсилаи нави смартфонҳои флагманиро бо номи HUAWEI Pura 80 муаррифӣ намуд, ки дорои имконияти инноватсионӣ ва технологияҳои пешрафта буда, стандартҳои навро дар аксбардории мобилӣ муайян месозанд.

Дизайни беҳамто

Моделҳои HUAWEI Pura 80 Ultra ва HUAWEI Pura 80 Pro бо ранги сурхи дурахшон бо тарҳи шево ва ҷаззоб фарқ мекунанд. Ин смартфонҳо дар зери нури Офтоб ба таври олиҷаноб медурахшанд, дар ҳоле ки блоки камераи HUAWEI Pura 80 Ultra бо ҳалқаҳои тиллоии дурахшон оро ёфтааст. Ин унсурҳои тарроҳӣ, ки ҳаракат ба пешро бозгӯ менамоянд, рамзи шинохтаи ин флагман мебошанд.

Аксбардории касбӣ

Камераи инқилобӣ бо интиқоли воқеии рангҳо ва сенсори 1-дюйма дар смартфони HUAWEI Pura 80 Pro имконияти ворид шудани нури бештарро медиҳад, ки ин ба гирифтани тафсилоти рангҳои аъло дар шароити равшании паст кумак мекунад. Камераи ултра барои аксбардории воқеӣ интиқоли дурусти рангҳоро таъмин менамояд.


Дар HUAWEI Pura 80 Ultra бори аввал ду телеобъективи сенсори калон бо зумҳои 3.7x ва 10x пешниҳод мегарданд, ки барои гирифтани портретҳои рангоранг ва суратҳои равшани наздик бо эффектҳои амиқ ва фазоӣ мувофиқанд.

Филтрҳо ва услубҳои такмилёфтаи HUAWEI XMAGE якҷо бо технологияи инноватсионии аксбардорӣ, бузургтарин сенсори телеобъектив дар соҳа ва алгоритмҳои пешрафта имкон медиҳанд, ки ҳатто дар шароити равшании кам ва зумҳои калон тасвирҳои равшану дақиқ ба даст оварда шаванд.

Аз ҷузъиёти меъмории аҷиб то намунаҳои бузурги шаҳрсозӣ — муҳити зиндаи шаҳр дар шаб бо дақиқии беҳамто ба тасвир даромада метавонад. Аксбардории намоишҳои театрӣ ва консертҳо бо интиқоли тафсилоти саҳна ба таври зинда ва рангоранг, инчунин сабти видео дар формати 4K, намоиши пурраи саҳнаро дар экрани смартфон фароҳам меорад.

Имконоти инноватсионии зеҳни сунъӣ

Дар HUAWEI Pura 80 Pro ва HUAWEI Pura 80 Ultra тугмаи интеллектуалии идоракунӣ мавҷуд аст, ки дастрасии зуд ба функсияҳои интихобнамудаи корбар — камера, равшанӣ ё имкониятҳои интеллектуалии камераро таъмин мекунад. Алгоритми беҳтаршудаи шиносоии изи ангушт амниятро баланд намуда, иҷрои фаврии амалиётро таъмин мекунад.

Технологияи паст кардани садои заминавӣ ҳангоми зангҳо, ки бо зеҳни сунъӣ асос ёфтааст, овози шахси суҳбаткунанда ва садои атрофро ҷудо карда, садои возеҳро дар ҳар гуна шароит таъмин мекунад.

Қувват ва самаранокии беҳамто

HUAWEI Pura 80 Pro ва HUAWEI Pura 80 Ultra бо батареяи пуриқтидори 5170 мА*соат муҷаҳҳаз шудаанд, ки дар якҷоягӣ бо пуркунии симии HUAWEI SuperCharge 100 Вт ва пуркунии бесимии HUAWEI SuperCharge 80 Вт кори тӯлонии дастгоҳро таъмин мекунад. Батареяи калонҳаҷм ва пуркунии тез кори пайвастаи смартфонро кафолат медиҳанд ва аз хавотирӣ дар бораи холӣ шудани ногаҳонии батарея наҷот медиҳанд.

Муқовимати беҳамто

Шишаи Kunlun Glass насли 2 дар HUAWEI Pura 80 Ultra то 16 маротиба ба харошидан ва то 25 маротиба ба афтодан устувортар аст. Ин сипари боэътимод устуворӣ ва муқовимати бемислро таъмин мекунад, ки смартфонро аз осеб дидан ҳатто дар шароити ғайриодӣ муҳофизат менамояд.

[i] 

1. Панели пуркунандаи бесими HUAWEI SuperCharge 80 Вт ҷудогона харидорӣ карда мешавад.

2. Маълумот дар шароити лаборатории Huawei ҳангоми муқоисаи шишаи износнопазирии Kunlun Glass насли бо шишаи одӣ ба даст оварда шудаанд. Смартфон аз қисмҳои дақиқи электронӣ иборат буда, ба таъсири беруна ва омилҳои физикӣ ҳассос мебошад. Ҳангоми истифода онро эҳтиёткорона нигоҳ доред ва аз афтидан эҳтиёт кунед.

Июль 23, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад