Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Июль 15, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 14-15 июли соли 2025 дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии давлатҳои аъзо раванди омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар тирамоҳи соли равонро ба таври муфассал муҳокима карда, инчунин дар бораи самтҳои авлавиятдори ҳамкории давлатҳои аъзо дар шароити нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ табодули назар анҷом доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин мавқеи давлатро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай бо тавваҷуҳ ба мавзуъҳои таъмини амният ва субот, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва пешбурди амалии масъалаҳои такмил додани фаъолияти Созмон иброз намуд.

Аз натиҷаи ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ лоиҳаи Эъломияи Тянҷини Шурои сарони давлатҳо, Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2035, дигар қарорҳо ва изҳороти муштараки сарони давлатҳоро барои корбарии минбаъда ба асос гирифтанд.

Дар доираи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои созмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба ҳузур пазируфтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид