Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид

Июль 29, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 беш аз 760 ҳазор нафар сайёҳон аз тариқи тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 181 ҳазор нафар ва ё 31 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.

Тибқи таҳлил ва арзёбӣ, аз шумораи умумии сайёҳони ба ҷумҳурӣ воридшуда 456 ҳазору 835 нафар ё 60 фоизи онҳо ба шаҳри Душанбе омада, аз хизматрасонии сайёҳии пойтахт истифода намуданд.

Дар ин давра беш аз 96,5 ҳазор меҳмон аз тариқи фурудгоҳи байналмилалӣ ва роҳи оҳан аз хориҷи мамлакат ба шаҳри Душанбе омадаанд, ки нисбат ба соли 2024 28,6 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Тавре дар «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» омадааст, шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сайёҳӣ буда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ инфрасохтори мукаммал беш аз пеш хизмат мерасонад.

Зиёд шудани шумораи сайёҳон нишони он аст, ки давоми чанд соли охир дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хизматрасонӣ ба сайёҳон дар сатҳи баланд қарор дошта, ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки пойтахти тоҷикон бо боғу бӯстон ва кӯчаву хиёбонҳои хурраму гулпӯш, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фазои орому осуда, марказҳои мухталифи хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи баланд ба макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст.

Дар натиҷаи тадбирҳое, ки давоми солҳои охир бо ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои рушди босуботи пойтахт ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ва ташкили хизматрасонии босифат ва сатҳи баланд барои сайёҳон андешида шуданд, шаҳри Душанбе ободу сарсабз гардида, ба яке аз шаҳрҳои рушдкунанда ва пешрафтаи ҷаҳони муосир табдил ёфт.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 2500 иншооти сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир аст, ки ҳамарӯза ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамзамон фаъолияти системаи нақлиёти пойтахт низ бамаротиб беҳтар гардидааст. Истгоҳҳои замонавӣ ба истифода дода шуда, ҳисоббаробаркуниҳо дар нақлиёти мусофирбари умумӣ тавассути кортҳои пардохтӣ амалӣ карда мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Dushanbe-travel

Июль 29, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад