ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июл, сешанбе, 196-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 15, 2025 08:00

15 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш Шайх дар маросими муаррифӣ ва тақдими китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки дар Миср ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудааст, иштирок намуда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри он саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд.

***

16 сол пеш, 15 июли соли 2009 дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои аъзо ва нозири Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Филиппин хонум Глория Макапагал Ароййо мулоқот намуданд.  Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории судманд байни ду мамлакат  баррасӣ шуд.

***

15  июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар  масъалаҳои  амнияти  миллӣ Майкл Макфол мулоқот намуданд. Майкл Макфол баъди мулоқоташ бо Президенти  Тоҷикистон  зимни  суҳбати  мухтасар бо намояндагони воситаҳои ахбори омма иброз дошт, ки ҳамроҳи Президент проблемаҳо ва масъалаҳои марбут ба таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Тоҷикистон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Роғун мулоқот ва суханронӣ намуданд. Пешвои миллат дар ин мулоқот иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Роғун дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ободиву пешрафти мамлакат, ҳифзу густариши арзишҳои милливу фарҳангӣ бо хислатҳои неки ҳунармандиву меҳнатдӯстӣ, руҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва меҳмоннавозию эҳтиром ба анъанаҳои гузаштаву имрӯзаи халқамон саҳмгузорӣ менамоянд.

***

15 июли соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷкистон чорабинии муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Муаррифӣ ва тасдиқи харитаи роҳи Чаҳорчӯби нави ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор» баргузор гардид.

***

15 июли соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини вақти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҷаласаи нахустини Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ баргузор гардид. Дар он гуфта шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ,  дар ҷумҳурӣ 6752 нафар ҳунарманд ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 226 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 1636 адад ба вилояти Хатлон, 3983 адад ба вилояти Суғд, 828 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 79 адад ба шаҳри Душанбе рост меояд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Мақомоти минтақаи миллии пойтахти Деҳлӣ (Ҳиндустон) пас аз он ки сатҳи оби дарёи Ямуна ба баландтарин сатҳи рекордӣ расид, тақрибан 24 ҳазор нафарро кӯчониданд.

15 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии малакаи ҷавонон.

***

Дар Бруней  – Рӯзи султон.

Июль 15, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш