ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июл, шанбе, 200-умин рӯзи соли 2025 аст

Июль 19, 2025 08:00

19  июли соли 2006 дар шаҳри Душанбе Маркази технологияи иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.

***

19 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ-Раиси Кумитаи сармоягузории Ҷумҳурии Исломии Покистон Салим Мандвивалларо ба ҳузур пазируфтанд.

***

19 июли соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсев мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 сафири нави Қазоқистон, Ҳиндустон, Ҷопон, Шоҳигарии Тайиланд, Лаҳистон, Босния ва Гертсеговина, Чили ва Австралия эътимоднома қабул намуданд.

***

19 июли соли 2019 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳо ба имзо расонида шуданд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

***

19 июли соли 2021 дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио- 2020 ба Ҷопон  сафар намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бозиҳои олимпии  Токио- 2020  10  варзишгар-  дзюдочиён: Сомон Маҳмадбеков (вазни то -73 кг), Акмал Муродов (то -81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то -90 кг), Темур Раҳимов (то + 100 кг), муштзанҳо: Баҳодур Усмонов (то -63 кг), Шаббос Негматуллоев (то -81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (зиёда аз -91 кг); риштаи варзиши сабук: Илдар Аҳмадиев (давидан ба масофаи 100 м), шиноварон: Олимҷон Эшонов (тарзи озод, 50 м) ва Анастасия Тюрина (тарзи озод, 50 м) намояндагӣ намуданд.

***

19 июли соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо: «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ», «Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ» ва «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ», ки ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, имзо гузоштанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ бо Валиаҳд ва Раиси Шурои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд мулоқот намуданд. Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

19 ИЮЛ:

Дар Ҷопон -Рӯзи вазирзанон.

Июль 19, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш