ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 июл, душанбе, 202-юмин рӯзи соли 2025 аст

21 июли соли 2010 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 қонун, аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал ва 25 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.
***
14 сол қабл, 21 июли соли 2011 Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро, ки Маҷлиси намояндагон қабул карда буд, ҷонибдорӣ намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммад масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.
***
21 июли соли 2017 намояндагони Тоҷикистон дар бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуданд.
***
21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.
***
Соли 2022 дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқоти дуҷониба анҷом доданд, ки дар фазои самимият доир шуд.
***
21 июли соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
21 ИЮЛ:
Дар Белгия- Рӯзи миллӣ.
***
Дар Ҷопон — Рӯзи уқёнус.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Юсуф Исҳоқӣ — соли 1932 — пизишк, доктори илмҳои тиб, аъзои вобастаи Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон, аъзои вобастаи Академияи илмҳои тиббии Русия, Арбоби хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино.