ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июл, душанбе, 209-умин рӯзи соли 2025 аст

28 июли соли 2011 дар Варзишгоҳи «Металлург»- и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии даври дуюми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Сурия баргузор шуд.
***
28 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шинос шудан бо вазъи зиндагии мардум ва иҷрои супоришҳои зимни сафарҳои қаблӣ додашуда, инчунин мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба якчанд шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби номзади илмҳои ҳуқуқ Ҳаким Мирсайзод ва докторанти (PhD) риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сиёвуш Наботов «Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ» ба табъ расид.
***
28 июли соли 2021 дар Душанбе иштирокдорони ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро байни давлатҳои аъзо тазаккур доданд.
***
28 июли соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Айнӣ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.
***
28 июли соли 2022 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъала «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон конфронси байналмилалии илмию амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид.
28 ИЮЛ:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди гепатит.