Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо байни ҷавонон ва наврасон, ки дар шаҳри Кучинги Малайзия идома дорад, сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Таеквондочии ҷавон Абдуҷафари Баҳодур дар вазни 55 кг бар рақибони худ аз Фаластин, Қирғизистон ва Ҳиндустон ғолиб омада, дар даври нимниҳоӣ аз намояндаи Тайланд мағлуб шуд ва нишони биринҷӣ ба даст овард.
Варзишгари дигар Олия Муродова дар вазни 37 кг байни наврасон дар ду даври аввал бар рақибони худ аз Арабистони Саудӣ ва Қазоқистон пирӯз гардида, дар нимфинал аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрд ва дуюмин нишони биринҷиро ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон ворид намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати Осиё оид ба таеквондо (WT) байни ҷавонон ва наврасон варзишгарон аз 42 кишвари қора иштирок доранд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд






