Тоҷикистон бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 17-соларо мизбонӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳои мизбони марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни духтарони то 17-соларо эълон намуд. Бозиҳои даври интихобӣ дар ҳашт давлат — Тоҷикистон, Урдун, Қирғизистон, Мянма, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Тайиланд ва Ветнам баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар марҳилаи интихобӣ 27 даста иштирок намуда, дар қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил карда мешавад — се гурӯҳ бо чор даста ва панҷ гурӯҳ бо се даста.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои духтарони то 17-сола аз 13 то 17 октябр доир мегардад.
Рақибони дастаи духтарони Тоҷикистон дертар муайян хоҳанд шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






