Занону духтарон дар рушди хизмати давлатӣ нақши арзанда мегузоранд

Июль 1, 2025 16:31

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷалби занону духтарон ба идоракунии давлатӣ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Аз ҷумла, дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар 8 марти соли 2025 ба Агентии хизмати давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд, ки барои боз ҳам бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣ кардани занону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд. Дар ин мавзуъ мақолаи сармутахассиси шуъбаи махзани маълумоти хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатӣ Фарзона Рустамӣ пешниҳод мегардад.

-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як сиёсатмадори равшанзамиру хирадандеша нақши занону дхтарони тоҷикро аз оғози фаъолияти сиёсии худ то имрӯз бениҳоят баланд арзёбӣ намуда, баҳри дастгирии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Зеро бонувони тоҷик аз рӯзҳои аввал сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар барқарорсозии сулҳ, сарҷамъ намудани мардуми тоҷик, ҳифзи истиқлолу озодӣ, раванди созандагӣ ва дигар масъалаҳои давлатдорӣ на фақат самимона дастгирӣ намуданд, балки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлати тозаистиқлоли тоҷикон кӯмак ва саъю талошҳои зиёд кардаанд.

Нақши занону духтарон дар хизмати давлатӣ хеле муассир буда, онҳо ҳамчун насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ ба ҳайси аъзои Ҳукумат, вакилони мақоми олии қонунгузор, роҳбарони сохторҳои назди Президент ва Ҳукумати мамлакат, хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкорони муваффақ фаъолияти пурсамар нишон дода истодаанд, ки самараҳои неки ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумату давлат нисбат ба онҳо мебошад.

Мувофиқи таҳлилҳои омории соҳаи хизмати давлатӣ, шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда рӯз аз рӯз зиёд шуда истода, то ба имрӯз зиёда аз 83 фоизро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо зиёда аз 25 фоизашонро занону духтарони болаёқат ва 50 фоизашонро ҷавонони боиродаву ватандӯст ташкил медиҳанд.

Ин нишондод шаҳодат аз он медиҳад, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ғурури миллии бонувону ҷавонон дар қалбашон ҳар лаҳза ҷӯш мезанад ва маҳз ҳамин омил имконият медиҳад, ки дар самти идоракунии давлатӣ занону духтарон низ дар радифи мардон баробар ҷасурона қадам зананд.

Айни замон аз шумораи занони дар хизмати давлатӣ амалкунанда зиёда аз 19 фоизашонро занони роҳбар ташкил медиҳанд.

Бояд иброз намуд, ки истиқлолият ба ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ шароит фароҳам овардааст, ки барои пешрафти давлати азизамон ҳамаҷониба талош намоянд. Роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ низ ҳамчун мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ аз неъматҳои замони истиқлолият, ки бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст, самаранок истифода намуда, ҳамарӯза барои рушди соҳа ва ҷалби бештари занону духтарон ба хизмати давлатӣ ҷаҳд менамояд.

Ҳамзамон барои ҷалби духтарон як қатор имтиёзҳо муқаррар гардидааст, ки яке аз онҳо мувофиқи талаботи банди 37 Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016,) барои заноне, ки маротибаи аввал ба хизмати давлатӣ дохил мешаванд, ҳамчун имтиёз се холи илова пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин талаботи воқеии шаҳру ноҳияҳоро ба мутахассисон ба инобат гирифта, мувофиқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатӣ аз 10 июли соли 2024 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2024 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, имтиёз муқаррар гардида, тибқи он духтарони лаёқатманд, баъд аз хатми мактабҳои олӣ бе доштани собиқаи меҳнатӣ ба мансабҳои маъмурии категорияҳои шашум ва ҳафтуми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба кор қабул карда мешаванд.

Инчунин аз ҳисоби ҳайати захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ низ ҳамасола шумораи зиёди занон ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ таъин карда мешаванд.

Бо мақсади татбиқи омӯзиши барномаҳои мухталиф Агентии хизмати давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ мунтазам курсҳои такмили ихтисос барои занони роҳбар ва дар захираи кадрҳобудаи мақомоти давлатӣ аз рӯйи барномаҳои «Малакаи сарварӣ», «Тарбияи ватандӯстӣ ва идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мактаби сарварӣ», инчунин омўзиши «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005, «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Пешгирии экстремизм дар байни занон ва ҷавонон», «Нақши зан дар идоракунии давлатӣ», «Фаъолсозии нақши занон дар раванди идоракунӣ», «Сиёсати гендерӣ дар хизмати давлатӣ», «Зан ва сиёсат: иштироки занон дар интихобот» ва даҳҳо дигар мавзуъҳои ба ин монандро ташкил ва баргузор менамояд, ки ҳамаи ин аз талошҳои бевоситаи роҳбарияти мақоми ваколатдори соҳа дарак медиҳад.

Инчунин омӯзонидани на кам аз ду се забонҳои хориҷиву технологияҳои иттилоотиро барои занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ ба маврид меҳисобад.

Талошҳои Агентии хизмати давлатӣ барои баланд бардоштани савияи дониши занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ бо ишора кардани як ду нукта басанда нест, балки ҳамарӯза шумораи беандозаи занону духтарони мо барои таҳсили илм ба давлатҳои хориҷи дуру наздик сафарбар гардида истодаанд.

Бо мақсади тақвияти ҳамкории байналмилалии Агентӣ бо сохторҳои соҳаи хизмати давлатии кишварҳои хориҷӣ дар самти таҳсил ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, занону духтарони мо ҳамасола дар зинаҳои магистратураву докторантура дар донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Ҷопон, Корея ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Корея 8 нафар ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 10 нафар занон — хизматчиёни давлатӣ таҳсили илм намуда истодаанд, ки пас аз хатми он ба Ватан баргашта, баҳри пешрафту тараққиёти диёри хеш саҳми сазовор мегузоранд.

Ҳамзамон дар асоси талаботи зербанди 2, банди 2 Нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатӣ ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» пешбинӣ шудааст. Ҳамчун намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ низ иштирок намуда дар соли 2023 сазовори ҷойи сеюм ва дар соли 2024 сазовори ҷойи дуюм гардидам, ки ин низ яке аз шароити мусоиди замони истиқлолият барои занон мебошад.

Хулоса, хизмати давлатӣ яке аз соҳаҳои пешбаранда ва калидии низоми идоракунии давлатӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он тарбияи кадрҳои баландихтисос дар сатҳи ҷаҳон аз ҳисоби занону духтарони болаёқат ва ба воситаи онҳо муаррифӣ намудани давлати соҳибмаърифату куҳанбунёди тоҷикон мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 1, 2025 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ КОРШИНОС. Зимни сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ҳудудан 50 чорабинӣ ва ифтитоҳи иншоот доир гардид
Сафи занону духтарони соҳибмаълумот ва ҳунарманди ноҳияи Тоҷикобод меафзояд
Гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар мақомоти давлатӣ чӣ аҳамият дорад?
ҚУДУМИ ФАЙЗБОР. Бо иштироки Пешвои миллат дар Бадахшон даҳҳо иншооти нав ба истифода дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дӯғоб беҳтарин нӯшокӣ дар фасли тобистон мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли карам фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар ва организмро аз токсинҳо тоза мекунад
Ҳунармандӣ дар радифи соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»