ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басе зиёданд, гузашта аз ин, ҳадду ҳисоб надоранд ва ин гуфта имрӯз касеро ба ҳайрат намеорад. Зеро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллатамон ҳама шоҳиди ҳол ҳастем, ки созандагию ободонӣ дар саросари мамлакат авҷи тоза гирифтааст. Дар вақти ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ рӯ ба халқ оварда, бо итминон “Ман ба шумо сулҳ меоварам!” гуфтани Пешвои миллат ва ин рисолати муқаддасро амалӣ намуданашон худ қаҳрамонӣ аст. Ин хизмати бузургашон дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бо хатҳои заррин сабт шуда, барои наслҳои оянда сабақи бузурги миллатдӯстию меҳанпарастӣ хоҳад гардид. Метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машъал афрӯхтанд ва бар зулмот пирӯз шуданд. Аз ин рӯ мардуми шукргузор Пешвои миллатро, ки бо сиёсати пешгирифтаашон Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба қатори давлатҳои мутараққии олам дароварданд, Исмоили Сомонии даврони мо меноманд. Ин комилан ва барҳақ дуруст аст.
Чунин нигоштааст адиб Мансур Суруш дар ситоиши хизматҳои барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
— Дар ин ҷо камина дар бораи як хислати фавқулодаи Пешвои миллат сухан гуфтаниям. Бешубҳа, аз ҳамаи фазилатҳои инсонӣ авлотарину волотаринашон хайрхоҳию некандешӣ, дастгирии беғаразонаи ятимону ниёзмандон ва барҷомондагон аст. Ана ҳамин фазилат дар хулқу атвор ва рафтору кирдори Пешвои миллатамон он қадар равшан ҳувайдост, ки дар кам касон мушоҳида мегардад. Бубинед, боре ҳам нашудааст, ки Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат бо кӯдакони ятим, дар навбати аввал бо ятимони кулл мулоқот доир насозанд. Барои онҳо дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, аз номи Роҳбари давлат ба онҳо туҳфаҳо супорида мешаванд, ки аз сару либос, пойафзол, китобҳо ва анвои ширинӣ иборатанд. Маблағи муайян низ ҳамчун кумаки молиявӣ ба онҳо дастрас карда мешавад.
Ин амали саховатмандонаи Пешвои миллатамон, ки гувоҳи дили бузургу саршори меҳру муҳаббати он кас мебошад, ҳамаро мутаассир месозад. На як бор дидаам, ки ҳангоми тамошои чунин мулоқотҳо аз тариқи телевизион аз чашми одамон ашк мерезад. Хурсандию шодмонии кӯдакон, нафароне, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, интиҳо надорад. Пешвои миллат бо онҳо гарму самимӣ суҳбат менамоянд ва ҳамеша таъкид месозанд, ки онҳо дар паноҳи давлатанд ва кӯдакону наврасонро ба хондани хубу аъло, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани касбу ҳунарҳо ҳидоят менамоянд. Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки кӯдакони ятим баъд аз мулоқот бо Роҳбари давлат ба ояндаи неки худ итминон ҳосил мекунанд, дарк менамоянд, ки онҳо бе пуштибон нестанд. Ин ҳам яке аз хизматҳои воқеии Пешвои миллатамон дар назди миллат ва насли ҷавони ояндасоз аст.
Дар бораи ин сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат, ки пайваста дар ҳаёт татбиқ мегардад ва бо шарофати он бисёр касон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд аз мушкилот вораҳидаанд, мисолҳо хеле зиёданд. Ман мехоҳам ду мисоле орам, ки худ шоҳиди онҳо будам. Дар мулоқотҳои корӣ хоксорӣ ва хайрхоҳии Роҳбари давлат хеле равшан аён мегардид.
Дар давраи даргириҳои шадид, ки мардумро ба дод оварда буданд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мактубе ворид шуд. Онвақта Мудири котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро барои шиносоӣ ба ман дод. Маълумам гашт, ки муаллифи мактуб хоҳари Бобоҷон Ғафуров — Тоҷинисо Ғафуроваи 92-сола аст, ҳамоне, ки чунончи ман огоҳӣ доштам, дар гузашта муҳаррири нашриёт ва тарҷумон буду ҳатто бо устод С. Айнӣ, он вақт муқими шаҳри бостонии Самарқанд, мукотиба доштааст. Шодравон навишта буд, ки дар даврони пирӣ ба сараш кулфати гарон афтодааст. Ягона духтараш бар асари дарди бедаво бармаҳал фавтидааст ва тарбияи наберааш Комила ба зиммаи ӯ афтидааст, чунки падари духтарча беному нишон ғайб задааст. Алҳазар аз чунин падарон, ки фарзанди худро зиндаятим мекунанд. Муаллифи номаи пурсӯзу гудоз навишта буд, ки дар тарбияи наберааш азият мекашад, зеро ҳарчанд дар хона онҳо ду нафаранду бас, бо сабаби камчин будану нарасидани хӯрокворӣ баъзе рӯзҳо ба як бурда нон ҳам зор мешудаанд.
Мактуби мазкур дастраси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид ва он кас бетаъхир дастур доданд, ки ба хонаи Тоҷинисо Ғафурова, воқеъ дар паси бинои ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С. Айнӣ кумаки башардӯстона бурда расонида шавад. Ман ҳам супориш гирифтам, ки кумакбарандагонро ҳамроҳӣ намоям. Ҳамин тариқ, ман бо Тоҷинисо Ғафурова, ин зани фозилу донишманд шинос шудам. Кунҷкобии рӯзноманигориам боло гирифт ва ман бо соҳибхоназани пири асобадаст суҳбати муфассал оростам. Ӯ, аз ҷумла гуфт:
«Ман дар миёни бародари бузургворам Бобоҷон Ғафуров ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умумияти зиёд мебинам. Ҳарду ба таърихи чандҳазорсолаи миллатамон арҷ мегузоранд, ба қадри зиёиён мерасанд, ба муҳтоҷону ниёзмандон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Инак мо ҳам аз кумаки Сарвари давлатамон баҳравар шудем. Илоҳо ба ҳазор дароянд, илоҳо Худованди кариму муттаол ҳамеша ёру мададгорашон бошад!».
Ин суханонро ба забон ронда, Тоҷинисо Ғафурова даст ба рӯй кашида, омин гуфт. Ёдам ҳаст, ки бо супориши Роҳбари давлат кумаки башардӯстона минбаъд низ то дами фавташ ба хонаи ин кампири бекасу кӯй расонида мешуд. Наберааш Комила ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ дохил шуд. Ҳоло ӯ баркамол аст, кор мекунад ва албатта, некиҳои Президенти Тоҷикистонро ба оилаи онҳо дар айёми гарони гуруснагӣ нағз дар ёд дорад. Магар инро фаромӯш карда мешавад? Ҳаргиз!
Мисоли дуюм. Чанд сол муқаддам муддате ба ҳайси сардабири ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” ифои вазифа намудам. Ҳар пагоҳӣ гоҳи кор рафтан дар назди дорухонаи рақами 1, ки дар шафати бинои Иттифоқи нависандагон воқеъ аст, мудом як кампири русро дар либоси хоксорона медидам. Ӯ гадоӣ мекард. Ман ҳам дар қатори баъзе роҳгузарон ба ӯ як-ду сомонӣ дода, гузашта мерафтам. Ӯро медидаму ба худ суол медодам, ки дар ин синну сол кампир наход касе надошта бошад, ки қути лоямуташро таъмин созад ва ӯ дар пиронсолӣ талбандагӣ накунад. Боре бо он зан ҳамсуҳбат шудам. Ному насабаш Галина Викторовна Смирнова будааст. Зодгоҳаш шаҳри Душанбе, Донишкадаи политехникиро хатм карда, то дами ба нафақа баромадан дар як пажуҳишгоҳи лоҳикашӣ адои вазифа намуда будааст. Хостам пурсам, ки магар нафақааш басанда нест, вале боз худдорӣ кардам. Вале ӯ пешдастӣ карда, худ чунин гуфт:
-Шукр, нафақа мегирам ва агар тани танҳо мебудам, бемалол мерасид, чунки ба одами пиронсол чизи бисёре ҳам даркор нест, рӯз гузарад, шуд. Лекин ман дар хона боз хӯрандагони хурдсол дорам, ки аз дасташон ҳоло чизе намеояд ва онҳо дастнигари фақат мананд.
Он рӯз ман қиссаи ҳузнангезеро шунидам, ки маро ба риққат овард. Кампир суханашро идома дода, гуфт:
-Ягона духтаре доштам, ба воя расондам, ду маротиба ба шавҳар баромад, вале ҳарду дафъа бебарор, хонавайрон шуд. Аз ду шавҳар се фарзанд ёфт, се писараки дӯстрӯй. Лек худаш дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуду фарзандони ба ҷону дил баробарашро ба мани нолону гирёну синабирён монда рафт. Аз он дам қариб се сол сипарӣ шуд. Лекин аз домодҳои собиқам на пай ҳасту на ҳайдар, аз худ дараке намедиҳанд. Хайр, бало ба пасашон, гадоӣ карда ҳам наберагонамро саробонӣ мекунам. Худо карим ва раҳим аст, хонаи ман аз ин ҷо дур аст, лекин ман маҳз ба ҳамин ҷо барои пайдо кардани ризқи кӯдакон меоям. Зеро ин ҷо серодам, роҳгузарон бисёранд. Боз ман умедворам, ки онҳое, ки аз дорухона мебароянд, дарди дили маро мефаҳманду раҳми маро мехӯранд.
Гайдозан лаҳзае таваққуф карда, оҳи бадарде кашида, боз гуфт:
-Набераи калониам ёздаҳсола шуд, дуюмӣ ҳаштсола ва хурдӣ чорунимсола. Ду нафари калонӣ мактаб мераванд, лек хурдиро ман дар хона танҳо монда, дарро аз болояш қулф мекунам ва ба ин ҷо меоям. Лекин то гашта рафтан диламро гургон тала мекунанд, метарсам, ки ӯ наафтаду ягон ҷояшро захмӣ накунад, ягон зарфро нашиканад. Кӯдак-дия. Мегӯянд, ки қатра-қатра дарё шавад. Шояд қатраҳое, ки ман ба гадоӣ ҷамъ мекунам, дарё нашаванд. Лекин ақаллан нонпулӣ мешаванд. Ба ҳаминаш ҳам шукр…
Ман ин қиссаи ғамангезро шунида, ба падарони сангдили наберагони ятимондаи ин гадойзан лаънат гуфтаму аз пайи кори худ рафтам.
Бад-ин минвол чанде гузашт. Лекин боз муддате сипарӣ гашту гадойзанро дигар надидам. Аз дилам гузашт, ки шояд ҷойи талбандагиашро иваз карда бошад ё шояд мариз шуда бошад. Одамӣ-дия….
Як рӯзи якшанбе ҳамроҳи ҳамсарам ба бозор рафтем. Ногоҳ дар миёни анбӯҳи одамон Галина Викторовнаро дидам. Аз пасаш як ҷавонписар, яқин боркаши кироӣ, аробачаеро бо ду — се тӯрхалтаи пуранво тела дода меомад. Кампир ҳам маро шинохт ва мо салому алейк кардем. Ба пурсиши ман, ки чаро хеле вақт шуд наменамояд, чунин посух дод:
-Ба талбандагии ман, ҳазорон бор шукр, дигар эҳтиёҷ намонд. Аз шарофату марҳамати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо маслиҳати ҳамсоягонам, ки аз ҳолу аҳволи ман воқиф буданд, ба унвони Роҳбари давлат мактуб навиштаму ёрӣ пурсидам. Ҳарчанд ки ҳамсоягон маро бовар кунониданд, ки мактуб беҷавоб намемонад, омадани ду марди ношинос ба хонаи ман бароям ногаҳонӣ буд. Онҳо худро муаррифӣ намуданд, кормандони хадамоти кумаки иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ будаанд. Гуфтанд, ки онҳо бо супориши роҳбарият ба хонаи ман кумаки башардӯстона овардаанд ва он дар поён аст. Баъд рафта як халта орд, чанд шиша равған, биринҷу шакар оварда, дар ошхона монданд.
Ҳини хайрухуш гуфтанд, ки аз ин баьд чунин кумаки башардӯстона ҳар моҳ ба хонаи ман дастрас карда мешавад. Ҳамчунин як лифофаро бо маблағи муайян ба дастам доданд. Аз ҳамон вақт зиндагии мо тинҷ шуд, наберагонам чун пештара ба ҳамсолони серу пуру хушсарулибоси худ бо ҳасад нигоҳ намекунанд, чунки аз онҳо дитар ҳеҷ камӣ надоранд. Ман бошам ҳар рӯз чандин бор дуои ҷони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунам.
Вақти хайрухуш Галина Викторовна, ки дар гузаштаи на он қадар дур гадоӣ мекард, як сухани пурҳикматеро бар забон ронд, ки дар майнаам сахт нақш баст. Онро аввал бо забони русӣ меорам:
“Благотворительность -это критерий, по которому Господь воздаст каждому из нас”.
Чунин тарҷума кардам: “Парвардигор ҳар бандаашро аз рӯйи амалҳои неку хайраш тақдир хоҳад кард”.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯи амалҳои неку хайрашон Парвардигор ва халқи бузургворашон ба таври сазовор тақдир менамоянд.
Зиҳӣ Сарвар, зиҳӣ раъиятпарвар, ятимону бепарастонро пуштибону ёвар, беш аз ин, падар!
Мансур СУРУШ,
узви Иттифоқи нависандагон,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»