17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, интиқоли 70 фоизи борҳо дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар Тоҷикистон ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
17 август аз таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 31 сол сипарӣ гардид. 17 августи соли 1994 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ ноил гардида, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат нақши муассир мегузорад.
Интиқоли беш аз 3,6 миллион тонна бор ва 213,2 ҳазор мусофир
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роит оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад, ки соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон беш аз 3,6 миллион тонна бор ва 213,2 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 боркашонӣ 113,8 фоиз ва мусофирбарӣ 100,1 фоизро ташкил медиҳад. Таҳлили боркашонӣ бозгӯи он аст, ки 90,3 фоиз ба интиқоли воридотӣ, 5,9 фоиз ба интиқоли содиротӣ ва 3,7 фоиз ба боркашонии маҳаллӣ рост меояд.
Таъмири 92 вагон ба маблағи беш аз 23 миллион сомонӣ
Дар ин давра дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 23,7 миллион сомонӣ 92 вагон аз таъмири асосӣ ва 194 вагон аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи 16,5 миллион сомонӣ хати роҳ таъмир карда шуд.
Биноҳои нави истгоҳҳои Регар ва Ваҳдат
Дар ин давра аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» биноҳои нави истгоҳҳои «Регар» ва «Ваҳдат» сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар рушди соҳа нақши муассир мегузоранд. Ҳамзамон корҳои ободгардонӣ, васлкунии коммуникатсияҳо, пардоз ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои корӣ бо маводу таҷҳизоти замонавӣ анҷом ёфта, ба истифода супорида шуданд.
Аввалин роҳи оҳан дар Тоҷикистон
Аввалин роҳи оҳан дар ҳудуди Тоҷикистон соли 1897 сохта шуда буд, ки Хуҷандро бо шабакаи роҳи оҳани империяи Русия пайваст намуд. Санаи таъсиси роҳи оҳани Тоҷикистон соли 1929 мебошад, зеро дар ин сол сохтмони хати роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ба анҷом расид. Худи ҳамон сол ба стансияи Душанбе аввалин поезди коргарӣ ва баъдан аввалин поезди мусофирбаӣ омад. Соли 1938 сохтмони шохаи дигар: Конибодом-Шуроб анҷом ёфт.
Рушди роҳи оҳани Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият
Роҳи оҳани Тоҷикистон гарчанде таърихи тӯлонӣ дорад, вале дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллии Тоҷикистон рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардид. Ин аст, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, сохтмони роҳҳои оҳани дохилӣ ва минтақавӣ тарҳҳои бузург амалӣ гардиданд.
Ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон
Сохтмони роҳи оҳани Бохтар -Кӯлоб соли 1999 бо дарозии 132 километр, ки дар ин масир иншооти сунъӣ, 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал бунёд гардидаанд ва сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Бохтар-Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат Ёвон бо масофаи 40,7 километр шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Қитъаи роҳи оҳани сохташуда барои иқтисоди миллӣ муҳим буда, робитаи мустақиму устувори нақлиётиро байни марказ ва ҷануби мамлакат ба вуҷуд овард.
Он ҳамзамон ба авҷи сохтмони корхонаҳои азими саноатию истеҳсолӣ дар мамлакат ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии мамлакат мусоидат намуд.
Роҳи баромад ба кишварҳои сеюм
Ба ҳам пайвастани қитъаҳои марказию ҷанубии роҳи оҳан барои содиркунандагони молу маҳсулоти ватанӣ имкон фароҳам овард, ки бо хароҷоти кам ва масофаи нисбатан наздик борҳоро интиқол диҳанд. Дар ояндаи начандон дур ин қитъаи роҳи оҳан ҳамчун ҷузъи роҳи транзитӣ барои интиқоли борҳо тавассути қаламрави Тоҷикистон ва баромадан ба кишварҳои сеюм истифода хоҳад шуд.
Фаъолияти аввалин қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ
Дар даврони истиқлол аввалин бор қатораҳои мусофирбари байналмилалӣ дар масири Кӯлоб-Москва-Кӯлоб, Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб ва Хуҷанд-Москва-Хуҷанд ба фаъолият шуруъ намуданд. Инчунин 34 истгоҳу 4 вокзали роҳи оҳан, аз ҷумла бинои замонавии истгоҳҳои «Хонақоҳ», «Истиқлол», «Хуҷанд», «Ёвар», «Маҳрам», «Кӯлоб», «Спитамен», «Айнӣ», «Сангтӯда», «Ҷалолиддини Балхӣ», «Бостон» ва «Баҳор» сохта, бинои истгоҳҳои роҳи оҳани «Қайроққум», «Регар», «Душанбе-1», «Душанбе-2», «Данғара», «Ҳулбук», «Исфара», «Конибодом», «Шаҳритус» ва «Хушодӣ» таҷдид ва бозсозӣ гардиданд. Ба фаъолият шуруъ кардани нахустин корхонаи истеҳсоли шпалҳои оҳану бетонӣ дар шаҳри Левакант ва аввалин корхонаи вагонтаъмиркунии «Маҳрам» дастоварди замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошанд.
Пешниҳоди 80 фоиз сабукиҳо барои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ
Тибқи супориши Ҳукумати мамлакат, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» барои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ, содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкории ватанӣ то 80 фоиз сабукиҳо пешниҳод намудааст. Ҳамчунин ба маъмурияти роҳи оҳани Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо барои боркашонӣ сабукиҳо пешниҳод намудааст.
Рисолати «Роҳи оҳани Тоҷикистон
Дар самти дурнамои рушди соҳаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ тарҳрезӣ гардидааст. Дар ин замина роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки барномаи боркашонии содиротию воридотии мамлакатро тавассути роҳи оҳан таъмин намуда, сатҳу сифати мусофиркашонӣ ва хизматрасониро ба мусофирон беҳтар намоянд ва дар рушду пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми муносиб гузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар» /манбаъҳои боз