85 фоизи хатмкунандагони филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» бо ҷойи кор таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир таваҷҷуҳи идораву корхонаҳои гуногун ба хатмкунандагони филиал зиёд шуда, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо ҳалли худро меёбад. Мо асосан хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавиро ба корхонаҳои давлатӣ бо роҳхат ба кор мефиристем. Новобаста аз ин дар ин самт мушкилиҳои ҳалталаб хеле зиёданд. Ҳар сол танҳо 80-85 фоизи хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ бо роҳхат ба ҷойи кор таъмин мешаванд. Дар ин хусус имрӯз директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» дар шаҳри Душанбе Муъминҷон Ҷӯраев зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Муъминҷон Ҷураев тазаккур дод, ки доир ба ин масъала филиал тадбирҳои мушаххас меандешад, то робитаро бо вазорату идораҳо ва корхонаҳои саноатӣ дар шакли сифатан нав ба роҳ монда, масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони филиалро беҳтар намояд. Дар баробари ин раёсати филиал бо мақсади ташкил ва гузаронидани корҳои озмоишӣ ва таҷрибаомӯзиҳо бо зиёда аз 10 ташкилоту идора ва корхонаи саноатӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Иброз гардид, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар филиал озмоишгоҳи байналмиллалии минералогӣ ва маркази таҳқиқотӣ (IMLRC) — аввалин озмоишгоҳи мустақили таҳлилии сатҳи баланди технологии ҷумҳурӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлургӣ таъсис дода шуд.
Дар таҳия ва ба роҳ мондани фаъолияти IMLRC саҳми асосӣ аз ҷониби устодон ва хатмкардагони филиал гузошта шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни филиал дар таҳияи консепсияи лоиҳа, интихоби таҷҳизот, омода намудани кормандон ва ташкили барномаҳои илмӣ фаъолона иштирок намуд.
«Ин озмоишгоҳ ба макони муҳими таҳқиқоти амалӣ, аудити технологии истеҳсолот, таҷрибаомӯзӣ ва иҷрои корҳои илмӣ вобаста ба захираҳои маъданӣ ва табиқи технология муосир дар корхонаҳои саноати кӯҳи металургии Тоҷикистон табдил ёфтааст»,-гуфт Муъминҷон Ҷӯраев.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» дар шаҳри Душанбе








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






