Ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон доир шуд

Август 7, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа ҳайатҳои парламентии ду давлат таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссияи доимӣ – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов иштирок намуданд.

Аъзои Комиссияи доимӣ тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷонибаро  мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба вазъи феълии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои он, бахусус тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкорӣ шуморида шуд.

Дар фарҷом Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент барои солҳои 2025–2027 тасдиқ карда шуд.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 7, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд