Ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҳайатҳои парламентии ду давлат таҳти роҳбарии ҳамраисони Комиссияи доимӣ – муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаб Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов иштирок намуданд.
Аъзои Комиссияи доимӣ тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба вазъи феълии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои он, бахусус тавсеаи инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкорӣ шуморида шуд.
Дар фарҷом Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент барои солҳои 2025–2027 тасдиқ карда шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст






