Аз аввали соли таҳсил маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад

Август 26, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 26.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли таҳсили 2025-2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба аст, ки баланд бардошта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалияти аввалиндараҷаи сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат муайян намудаанд. 8  феврали соли 2025 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба тасвиб расид.

Тибқи ин фармон, маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад. Маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ва муассисаҳои илмӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад.

Тавре Сарвари давлат 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ таъкид намуданд, «Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва  фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ якчанд имтиёз муқаррар намудааст». Ҳамчунин иброз доштанд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем».

Бояд гуфт, ки ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ мегардад.

Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода 28 июли соли 2025 зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки омӯзгорон вобаста ба дараҷаи маълумот аз 1 ҳазору 702 то 2 ҳазору 699 сомонӣ маош хоҳанд гирифт. Музди меҳнати омӯзгорони синфҳои 1-4 ва 5-11 вобаста ба дараҷаи маълумоти онҳо фарқ мекунад.

«Омӯзгорони синфҳои 1-4 вобаста ба дараҷаи маълумот аз 1 ҳазору 702 сомонӣ то 2 ҳазору 699 сомонӣ маош мегиранд. Маоши вазифавии омӯзгорони синфҳои 5-11 аз 1 ҳазору 232 сомонӣ то 1 ҳазору 907 сомониро ташкил хоҳад дод. Ин танҳо барои як воҳиди корӣ буда, инчунин баъди гирифтани дараҷа маоши муаллимон баланд карда мешавад ва барои роҳбари синф будан ҳам маоши иловагӣ мегиранд. Масалан, маоши омӯзгори синфҳои 1-4, ки дараҷаи олӣ дорад, аз моҳи сентябр 3 ҳазору 563 сомонӣ мешавад»,-гуфт Бадриддин Музаффарзода.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 арҷу эҳтиром нисбат ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим номиданд.

«Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем», — иброз доштанд Сарвари давлат.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 26, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд