Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд

Август 19, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 19.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ин навъи қӯшуни Артиши миллӣ бо иштироки масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ, афсарону сарбозон ва собиқадорони соҳа ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ яке аз ҷузъҳои калидии қудрати дифоии давлат маҳсуб шуда, таъмини амнияти фазоии мамлакат, ҳифзи марзу буми ватан ва осоиши шаҳрвандонро таъмин менамоянд. Давоми даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сохтори низомӣ рушду такомул ёфта, ба қувваи боэътимоди муҳофизати давлат табдил ёфт.

Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати осоишу оромии мардуми Тоҷикистон буда, рамзи қудрат, истиқлол ва таъмини амният дар фазои мамлакат мебошанд. Ин қувваҳо бо шарофати сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста рушд карда, таҷҳизот ва неруи инсонии он тадриҷан мукаммал мегардад.

Рӯзи касбии ҳавонавардони низомии тоҷик барои афсарону сарбозон рамзи ифтихор аз Ватан, садоқат ба Парчами давлатӣ ва қувваи ягонаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Дар воқеъ, таҷлили ин сана на танҳо ифтихори ҳарбӣ, балки рамзи сулҳу амнияти пойдори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба як зумра афсарону сарбозон медалу Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 19, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад