Бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд

Август 30, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Тоҷикистон ва СММ: ҳамкорӣ барои таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва рушди устувор» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки омодагиҳо ба таҷлили 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид дар саросари дунё ва баргузории ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз 31 август то 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷзин доир мешавад, минбари муҳим дар пасманзари рӯйдодҳои охир дар геополитикаи ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, бархӯрд ва низоъҳои байналмилалию минтақавӣ ба шумор мераванд.

Дар марҳилаи омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои аъзо вобаста ба вазъи ноороми байналмилалӣ маҷмуи чорабиниҳо ва тасмимҳои зарурӣ барои тақвияти талошҳо барои таҳкими амният ва робитаҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, такмили механизмҳои амниятӣ, тақвияти пайвастаи тавонмандиҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар муқобили таҳдиду чолишҳои амниятӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат ба гардиши ғайриқо­нунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст. Масалан, чорабиниҳои дорои хусусияти сиёсӣ-идеологӣ вобаста ба таҷлили 80-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Пешбинӣ мешавад, ки давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз мавқеи калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъ ва буҳронҳои байналмилалӣ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Хайриддин Усмонзода изҳор намуд, ки то имрӯз панҷ ташаббуси ҷаҳонии мамлакати мо дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст. Басе рамзист, ки 22 марти соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии об татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» оғоз гардида, амалишавии он идома дорад.

«Мо дар рушди ҷомеаи демократӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ба мероси ғании таърихии худ, аз ҷумла саҳми бебаҳои Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир такя мекунем. Маҳз ин санади нодир, ки аввалин маротиба дар таърихи башар принсипҳои озодӣ, баробарӣ ва таҳаммулпазириро эълон намудааст, на танҳо далели тамаддуни қадимии миллати тоҷик, балки сароғози мафҳумҳои муосири ҳуқуқи инсон мебошад»,-гуфт директори марказ.

АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 30, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд