Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо китоби «Қалби яхбастаи Осиё. Пиряхҳои Тоҷикистон дар мусаввараҳо ва суратҳо» ба нашр расид

Август 8, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо китоби таҳқиқотию маърифатӣ бо номи «Қалби яхбастаи Осиё. Пиряхҳои Тоҷикистон дар мусаввараҳо ва суратҳо» («Ледяное сердце Азии. Ледники Таджикистана в рисунках и фотографиях»), ки аз ҷониби олимони филиал таҳия шудааст, ба нашр расид. Дар ин хусус 7 август зимни нишасти матбуотӣ Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғанизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Китоб зебоии табиӣ, аҳамияти ҳаётӣ ва осебпазирии пиряхҳои ҷумҳуриро ба таври муассир инъикос ва ҳамчун манбаи илмӣ-маърифатӣ доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пиряхшиносӣ хизмат менамояд»,-иброз намуд Рустам Ғанизода.

Дар донишгоҳ се озмуни мавзуӣ, аз ҷумла озмуни расми беҳтарин дар мавзуи «Пиряхҳо ва мо» байни хонандагони литсей, озмуни эссе дар мавзуи «Аҳамияти пиряхҳои Тоҷикистон дар таъмини захираҳои обии Осиёи Марказӣ» ва озмуни видеоролики беҳтарин байни донишҷӯён ва конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Геология ва пиряхҳо: мушкилоти мубрам ва дурнамоҳои ҳифз дар давраи тағйирот» гузаронида шуд.

Дар нишаст иброз гардид, ки соли равон аз ҷониби профессорону омӯзгорони филиал 5 монография, 8 маводи таълимӣ ва 124 мақола дар маҷаллаҳои даврӣ ва маводи конференсия нашр карда шуд.

Роҳбарияти филиал барои анҷом додани корҳои илмии омӯзгорон ва кормандон шароити мувофиқ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, бо қарори директорат барои ҳимояи рисолаи номзадӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 8, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид