Беш аз 3 километр роҳҳои дохили Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мумфарш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 10.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси сокинони фаъол ва саҳми соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ аз деҳаҳои Табушн ва Сабағи Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо ба таври дастҷамъона оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар кӯчаи Шехови Ҷамоати деҳоти Палдорак корҳои мумфаршкунӣ оғоз гардиданд. Дар марҳилаи аввал роҳҳои байни маҳаллаҳо ба талаботи муосири нақлиёт мутобиқ гардонида мешаванд. Қисмати боқимондаи кӯчаҳо низ тибқи нақшаи пешбинишуда марҳила ба марҳила асфалтпӯш хоҳад шуд.
8 август дар кӯчаи Валӣ Ализодаи деҳаи Сабағи Ҷамоати деҳоти Палдорак мумфаршкунии қитъаи роҳ бо дарозии зиёда аз 1200 метр оғоз гардид.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода аз саҳми шоистаи соҳибкорону сокинони маҳаллаи Сабағ дар татбиқи амалии ҳадафҳои созандагӣ арзи сипос намуда, чунин иқдомро намунаи ибрат ва нишони ифтихори баланди ватандӯстии сокинон арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки дар Иттиҳодияи хоҷагиҳои деҳқонии «Дӯстӣ» мумфаршкунии беш аз 3 километр роҳ дар 7 кӯчаи дохилӣ идома дорад. Ин иқдом бо ҳиссагузории соҳибкорону аҳолии маҳал амалӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад. То охири соли равон беш аз 17 километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мумфарш карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ








Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






