Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд

Август 16, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни гузаронидани ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» дар шаҳри Исфара  қариб 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ зиёда аз 18 метри мукааб партовҳо бароварда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иқдоми «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ»  дар шаҳри Исфара бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳр бо мақсади вусъати корҳои созандагию ободкорӣ, сабзазоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, безараргардонии кӯчаву маҳаллаҳо ва деҳаю ҷамоати шаҳраку деҳот гузаронида шуд.

Дар ҳашарҳо, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ дар самти ҳифзи муҳити зист доир шуданд, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аз ҷумла зиёда аз 260 нафар шаҳрвандон ва ризокорони бахши ҷавонони шаҳри Исфара фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар доираи гузаронидани ҳашарҳои экологии  «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар ҳудуди шаҳри Исфара 2 партовгоҳи ғайриқонунӣ муайян ва бартараф карда шуд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид