Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шумораи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ ба 149 адад расидааст

Август 2, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 03.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба 149 адад расидааст. 29 донишҷӯ ва 29 омӯзгори донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  хабар дода шуд.

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода зимни таҳлили натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи якуми соли 2025 ва дурнамои он барои солҳои оянда иброз намуд, ки донишгоҳ аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардида, ният дорад ба рейтингҳои ҷаҳонӣ ворид шавад.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби дастовардҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» донишҷӯён сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд. Ҳамчунин варзишгарони донишгоҳ дар 46 мусобиқа ба гирифтани 14 медал шарафёб шуданд.

Имсол дар донишгоҳ толорҳои нав, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз ба истифода дода шуда, барномаи сохтмони маҷлисгоҳ идома дорад.

Бо мақсади рушди забономӯзӣ дар донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ омӯзиши забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, чинӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар донишгоҳ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм, тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон ва мутобиқ сохтани таҳсил ба меъёрҳои байналмилалӣ тамоми иқтидор ва имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Август 2, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид