Дар гардиши дараи Алмосӣ муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад

Август 17, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Ба хотири ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» -Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ гузошта мешавад. Инчунин моҳи сентябр дар шаҳри Ҳисор конфронси илмии байналмилалӣ вобаста ба парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва афзун намудани майдонҳои токзори ангури тоифии гулобӣ баргузор мегардад.

Ворид гардидани дараи Алмосӣ ба Феҳристи «GIAHS» ифтихори бузург аст

Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» барои кулли мардуми Тоҷикистон ифтихори бузург аст, зеро Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аввалин мамлакате мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати дорои низоми беназири таърихии кишоварзӣ, ки гуногунии баланди биологӣ, устувории экосистема ва мероси миллии фарҳангиро муттаҳид менамояд, эътироф гардидааст.

То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ танҳо 12 иншоот дар 5 давлат- Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия эътироф шудаанд. Акнун дараи Алмосӣ низ ба ин рӯйхат дохил шуд, ки пуле байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мегардад.

Нақшаи корӣ барои рушди минтақаи Алмосӣ

Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода афзуд, ки бо ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидани дараи Алмосӣ дар назди мо –роҳбарият, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва сокинони дараи зебоманзари Алмосӣ вазифаҳои муҳим меистад ва масъулиятамон боз ҳам бештар мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои рушди минтақаи Алмосӣ, хусусан бунёду таҷдиди роҳҳо ва ободонии деҳот дар ҳамкорӣ бо сокинони дараи Алмосӣ нақшаи корӣ тарҳрезӣ намудааст, ки ҳадафаш рушду пешрафти ин мавзеи зебоманзар мебошад.

Рушди маҳал ва ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии минтақа

Ворид гардидани дараи Алмосӣ ба феҳристи GIAHS ба рушди маҳал, ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии минтақа, татбиқи барномаҳои давлатии ба соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бехатарии озуқаворӣ рабтдошта мусоидат менамояд. Зеро GIAHS – ташаббуси байналмилалии UNFAO буда, барои ҳифз ва рушди равиши ҳамгироие, ки устувории системаҳои кишоварзии анъанавиро бо истифода аз донишҳои суннатӣ, агробиогуногунӣ ва ландшафтҳои беназир ҳифз менамояд, равона шудааст.

Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо дар ин мавзеъ якчанд корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ шудаанд.

Ба GIAHS мавзеъҳои гуногун дохил мешаванд

Бояд гуфт, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия- шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад.

Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.

Низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ

Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, низоми кишоварзии нодирро доро мебошад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тоифии гулобӣ, ки ба иқлими ин маҳал хеле мутобиқ аст, парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқ аст, парвариш карда мешавад.

Алмосӣ — минтақаи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон

Дараи Алмосӣ ба яке аз митақаҳои ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст. Бино ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокутии кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.

Алмосӣ — минтақаи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон

Дараи Алмосӣ дар километри 20-уми самти ғарбии шаҳри Душанбе, дар байни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақоҳ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор доман густурдааст. Дара як қисми мамнуъгоҳи олами ҳайвонот ба ҳисоб рафта, масоҳати 6,000 гектарро дар бар мегирад, ки дар баландии то 2100 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дастрасӣ ба ин минтақа нисбатан осон аст. Нахуст роҳ аз деҳаи Алмосӣ мегузарад, ки он ба деҳаҳои хурд-хурд тақсим шудааст. Ва баъдан аз он ҷо роҳ ба водии Хонақоҳи кӯҳӣ ва сипас ба самти табиати вуҳуш ва дурдасти қаторкӯҳҳои Ҳисор мебарад. Дараи Алмосӣ, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, бо табиати зебову дилфиреб яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо дар соҳилҳои дарёи шухоби кӯҳии Хонақоҳ даҳҳо истироҳатгоҳ ва марказҳои фароғатӣ фаъолият менамоянд.

Манзараҳои дилфиреби дараи Алмосӣ-гавҳари ниҳон барои сайёҳон

Манзараи ин ҷо ба таври ҳайратангезу зебо боқӣ мондааст, ки онро бешазори арчаҳо, пиряхҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ фаро гирифтаанд. Баръакси дараҳои маъмултарин дар Алмосӣ сохтмони биноҳо кам ба мушоҳида мерасанд, аз ин рӯ сайёҳон озодона дар соҳилҳои дарё хайма зада, истироҳат менамоянд. Зебоии ин мавзеъ ҳамчун гавҳари ниҳон барои онҳое, ки мехоҳанд худро дар оғӯши табиат эҳсос намоянд, макони хубе хоҳад буд, то аз манзараҳои нотакрор ва обу ҳавои дилфиребаш як ҷаҳон лаззат баранд.

Ангури тоифӣ бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад

Ангури тоифӣ, ки дар дараи Алмосӣ парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Инчунин он бо таъм фарқ мекунад. Ин навъи ангур ба бемориҳо тобовар буда, қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донааш байзашакл буда, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар дохили хона зимистон онро дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст. Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура дорад ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад.

Гӯсфанди зоти ҳисорӣ- калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон

Яке аз намудҳои чорвое, ки дар Тоҷикистон парвариш ёфтаву дар ҷаҳон номдор аст, ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ мебошад, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур мерасад. Гӯсфанди ҳисорӣ — зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфандро барои гӯшту равған парвариш менамоянд ва пайдоишу парвариши он аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва аксар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интиқол дода шуда, дар он ҷойҳо низ парвариш карда мешавад.

Дараи Алмосӣ дорои олами бои набототу ҳайвонот аст

Бояд гуфт, ки ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд. Дараи Алмосӣ дорои олами бойи набототу ҳайвонот ва парандаҳое, аз қабили кабк, кафтарҳои саҳроӣ, ғоз хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, шағол ва ғайра мебошад.

Таъкид намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нахустин давлатест, ки маҳсулоти кишоварзиаш ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид шуд. Дар робита ба ин гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури навъи тоифии гӯлобӣ минбаъд низ дар миқёси ҷаҳон ҳарчӣ бештар муаррифӣ шуда, ба баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дорои захираҳои бойи табиию кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 17, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон 31 сол пур шуд
17 АВГУСТ-РӮЗИ ТАЪСИСИ «РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН. 70 фоизи интиқоли борҳо дар ҷумҳурӣ ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Нигаҳдорию эҳтиром ва эътирофи он бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Дар шароити тағйирёбии иқлим криосфераро аз таъсиррасонии гуногун бояд ҳифз намуд
«УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ». Он роҳнамои стратегию маънавии замони соҳибистиқлолии давлатӣ мебошад
ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. Барои хушсифат мондани он танҳо донистани тарзи дурусти нигоҳдорӣ зарур аст
Нақши технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ назаррас аст
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Бинокоронро ободгари зиндагии мардум меноманд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ бояд кард, то дар шароити хона консерва безарар ва хушсифат омода шавад?
Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст