Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид

Август 25, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 25.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ғамхориҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба 43 нафар кӯдакону наврасони синни мактабӣ, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум шудаанд, либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Бо ёдоварӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат иброз гардид, ки ятимону бепарасторон таҳти ҳимояи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, аз меҳрубонии падаронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бархӯрдоранд. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият дошта, мавқеи хосро сазовор ҳастанд.

Роҳбарияти шаҳри Ҳисор  ба кӯдакону наврасон фатҳи қуллаҳои дониш, таҳсили хуб ва  интизоми намунавӣ таманно намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  шаҳри Ҳисор

Август 25, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад