Дар Истаравшан татбиқи Лоиҳаи «Фаъолият дар самти таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни татбиқи Лоиҳаи «Фаъолият дар самти таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон» дар чаҳорчӯби «Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ»-и Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳоло дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти «Зарҳалол» ва «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан идома дорад, дар мулоқоти Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо директори «Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ»-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҳаҷми маҷмуии татбиқи лоиҳа зиёда аз 2,9 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи амалишавии он бунёди гармхонаҳо, боғҳо, ташкили қуттиҳо барои компост, истеҳсоли биогомус, ташкили шабакаҳои бисёрҷабҳаи истифодаи об, кандани чоҳи амудӣ ва дигар тадбирҳо пешбинӣ шудаанд.
Ҳоло татбиқи як қисми лоиҳа ба анҷом расида, дар дигар самтҳо корҳо идома доранд.
Адҳам Мусаллам интихоби шаҳри Истаравшанро дар татбиқи лоиҳа муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки Истаравшан дар баробари шаҳри саноатӣ будан инчунин дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон саҳми муассир дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






